Вазири адлия масъалаи ивази ному насабро шарҳ дод

Чанде қабл прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода аз коҳиши рӯҳияи ватандӯстӣ миёни ҷавонони кишвар изҳори нигаронӣ намуда, дар ин робита зикр кард, ки солҳои охир даст кашидан аз тарзҳои миллии номгузорӣ зиёд ба мушоҳида расида, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ба ин мусоидат менамоянд. Аммо шаҳрвандони қаторӣ, ки дар байнашон шумори зиёди муҳоҷирони корӣ ҳузур доранд, […]

ASIA-Plus



Чанде қабл прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода аз коҳиши рӯҳияи ватандӯстӣ миёни ҷавонони кишвар

изҳори нигаронӣ

намуда, дар ин робита зикр кард, ки солҳои охир даст кашидан аз тарзҳои миллии номгузорӣ зиёд ба мушоҳида расида, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ба ин мусоидат менамоянд.

Аммо шаҳрвандони қаторӣ, ки дар байнашон шумори зиёди муҳоҷирони корӣ ҳузур доранд, ба ивази ному насабашон бо тарзи русӣ шитоб надоранд ва гузашта аз ин, тамоили дубора аз тарзи номгузории тоҷикӣ дубора ба тарзи номгузории русӣ баргаштани шаҳрвандон мушоҳида мешавад, зеро зимни убури марзи Русия ва бозгашт ба ватан дар робита ба ин масъала онҳо ба мушкилиҳо дучор мешаванд.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 30-юми сентябр вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев дар ин хусус чунин ибрози андеша кард: «Имрӯз чор навъи ҳуҷҷат, аз ҷумла шаҳодатнома дар бораи таваллуд дар маҳалҳоро на мақомоти сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (САҲШ, ЗАГС), балки ҷамоатҳои маҳаллӣ медиҳанд. Ин маънои онро дорад, ки кормандоне, ки ба ин масъала сарукор доранд, ҳуқуқшинос нестанд ва аз ин рӯ, дар ин ҳолатҳо мушкилот пайдо мешавад», – гуфт Менглиев, ки хатогиҳо дар навиши ному насаб, яъне ба ҷойи фамилия ному ба ҷойи ном фамилия навиштанро дар назар дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.