Соли 2013 бонкҳои ҷумҳурӣ 1,8 млрд. $ қарз доданд

Соли 2013 ташкилотҳои қарздиҳии Тоҷикистон 8,9 млрд. сомонӣ (1,8 млрд. $) қарзҳо пешниҳод намуданд, ки дар муқоиса бо соли 2012 ба андозаи 26,4% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), соли гузашта ҳаҷми қарзҳои пардохташуда ба 6,7 млрд. сомонӣ расидааст. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 23,9 фоиз ва бо асъори […]

ASIA-Plus



Соли 2013 ташкилотҳои қарздиҳии Тоҷикистон 8,9 млрд. сомонӣ (1,8 млрд. $) қарзҳо пешниҳод намуданд, ки дар муқоиса бо соли 2012 ба андозаи 26,4% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), соли гузашта ҳаҷми қарзҳои пардохташуда ба 6,7 млрд. сомонӣ расидааст.

Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 23,9 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,5 фоизро ташкил намуда, нисбат ба соли 2012 бо пули миллӣ 3,4 банди фоизӣ зиёд ва бо асъори хориҷӣ 0,7 банди фоизӣ кам гардид.

Дар ин давра ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда нисбат ба соли қаблӣ 50,0 фоиз зиёд гардид ва 4,7 млрд. сомониро ташкил дод. Аз ин ҳисоб ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон 898,9 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбати соли қаблӣ 41,6 фоиз зиёд мебошад.

Афзоиши пасандозҳо дар соли 2013 нисбат ба соли гузашта 11,9 фоизро ташкил дода, дар маҷмуъ ба 5,5 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки  бо пули миллӣ 32% ва асъори хориҷӣ 68%-ро ташкил додааст.

Аз ҳаҷми умумӣ пасандозҳои шахсони воқеӣ дар ин давра 24,3 фоиз зиёд гардида, 3,7 млрд. сомониро ташкил доданд.

Фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатдор бо пули миллӣ 15,7 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,7 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2012 бо пули миллӣ 0,03 банди фоизӣ зиёд ва бо асъори хориҷӣ 1,1 банди фоизӣ кам гардиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.