Соли равон нархи барқ боз боло меравад

Соли равон тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз боло мераванд. Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон як комиссияи маҳсуси ҳукуматӣ ба баррасии ин масъала машғул аст. «Ин масъаларо комиссияи ҳукуматӣ таҳти назорати Хадамоти зиддиинҳисорӣ баррасӣ дошта, пас аз итмоми кори ин […]

Пайрав Чоршанбиев



Соли равон тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз боло мераванд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон як комиссияи маҳсуси ҳукуматӣ ба баррасии ин масъала машғул аст.

«Ин масъаларо комиссияи ҳукуматӣ таҳти назорати Хадамоти зиддиинҳисорӣ баррасӣ дошта, пас аз итмоми кори ин комиссия метавон дар ин бора маълумоти муфассал пешниҳод намуд, зеро то дар дасти ман ҳуҷҷати хулосавии ин комиссия набошад, ман наметавонам бигӯям, ки тарофаҳо кай ва ба кадом миқдор боло хоҳанд рафт», – иброз дошт вазир.

Болоравии тарофаҳо ба истифодаи нерӯи барқро вазир чунин шарҳ дод, ки тайи чанд моҳ аст, ки кормандони низоми энергетикии кишвар музди меҳнаташонро гирифта наметавонанд ва ба ҷуз ин, ширкати «Барқи тоҷик» низ қарзҳои зиёд дорад. «Бо ягон навъе имрӯз фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории ширкати «Барқи тоҷик»-ро беҳтар кардан лозим аст», – афзуд У.Усмонов.

Ёдрас мекунем, ки бори ахир тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон моҳи апрели соли 2012 боло рафта буданд. Қаблан Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия дода буд, ки тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ тадриҷан то 3,5 сент расонида шаванд.

Айни замон бо назардошти андоз аз арзиши изофа, тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ барои аҳолӣ барои 1 кВт/соат – 11 дирам; истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ – 26,63; истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ, нақлиёти энергетикӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 10,63 ва заҳбурҳои амудии мелиоративӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ – 1,88 дирам муқаррар карда шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.