Мавзеъҳои таърихии Ҳисор дар феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО

Чанде қабл нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукоти таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисорро баргузор намуд. Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, нахуствазир ба вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва ҳукумати ноҳияи Ҳисор оид ба саривақт мусоидат намудан ба корҳои сохтмонӣ, таҳияи лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳи марказӣ ва роҳҳои маҳаллии ноҳия, […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукоти таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисорро баргузор намуд.

Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, нахуствазир ба вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва ҳукумати ноҳияи Ҳисор оид ба саривақт мусоидат намудан ба корҳои сохтмонӣ, таҳияи лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳи марказӣ ва роҳҳои маҳаллии ноҳия, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди иншооти пешбинишуда, беҳдошти шабакаҳои обу корезӣ, фароҳам овардани шароити зарурии таъминоти обӣ нӯшокӣ ва нерӯи барқ  дастур супоришҳои мушаххас дод.

«Дар ҷаласа ҳамчунин таъкид гардид, ки дар фурсати кӯтоҳ барои дар феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО ворид кардани мавзеъҳои таърихии Ҳисор ва дар доираи чорабиниҳои ин созмони муътабари ҷаҳонӣ  таҷлил кардани ҷашни 3000-солагии он тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд», – зикр кард манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби  марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.