ИМА аз кишварҳои ОМ ба маблағи 100 млн. $ мол хариданист

Корманди Фармондеҳии Шӯъбаи қарордодии ЦЕНТКОМ (C-JTSCC): Фармондеҳии Марказии Иёлоти Муттаҳидаи Америка мехоҳад аз ширкатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои фиристодан ба Афғонистон ба маблағи наздик ба 100 миллион доллар мол харидорӣ намояд. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар ҶТ хабар доданд, Шӯъбаи қарордодии ЦЕНТКОМ (C-JTSCC), Фармондеҳии Марказии Америка дар доираи лоиҳаи «Бизнес – портали Осиёи Марказӣ» мехоҳанд […]

ASIA-Plus



Корманди Фармондеҳии Шӯъбаи қарордодии ЦЕНТКОМ (C-JTSCC): Фармондеҳии Марказии Иёлоти Муттаҳидаи Америка мехоҳад аз ширкатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои фиристодан ба Афғонистон ба маблағи наздик ба 100 миллион доллар мол харидорӣ намояд.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар ҶТ хабар доданд, Шӯъбаи қарордодии ЦЕНТКОМ (C-JTSCC), Фармондеҳии Марказии Америка дар доираи лоиҳаи «Бизнес – портали Осиёи Марказӣ» мехоҳанд аз истеҳсолкунандагони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон ба маблағи наздик ба 100 миллион доллар чизу чора бихаранд. C-JTSCC ба ин манзур маводи сохтмонӣ, мебел, колоҳои барқӣ, доруворӣ, генераторҳо, маҳсулоти ҳадяӣ ва чопӣ, техникаи идорӣ ва маишӣ ва дигар намудҳои молро барои фиристодан ба Афғонистон харидорӣ мекунад.

 C-JTSCC аз ин роҳ мақсад дорад саҳми худро дар рушди тиҷорат дар Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ворид намояд. Ба гуфтаи Алмаз Дюшембиев, мудири иҷроии лоиҳаи «Бизнес – портали Осиёи Марказӣ» ин харидори дар доираи пешниҳодҳои тиҷорӣ анҷом мегирад, ки  ба соҳибкорони хусусӣ ва ширкатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ афзалият дода мешавад. Вай изҳор дошт, ки харидҳо аз тариқи «Бизнес – портали Осиёи Марказӣ» сурат мегирад ва ин лоиҳа аз ҷониби C-JTSCC» сармоягузорӣ хоҳад шуд.

Намояндаи C-JTSCC, таъкид кардааст, ки ин Портал барои рушди рақобати минтакавӣ мусоидат намуда, аз пешрафти тиҷорати маҳаллӣ ҳимоят мекунад.  Портал барои тоҷирони Осиёи Марказӣ хизматгузории машваратии ройгонро анҷом дода, як қатор машқҳои омӯзиширо доир хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.