Ҳукми 12,5 соли зиндон ба келини сафири Тоҷикистон дар Белорус

Суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Муштарӣ Муборакшоеваро ба 12,5 соли зиндон маҳкум кард. Ёдрас мекунем, ки Муборакшоева аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук дар фурудгоҳи Душанбе ҳангоми кӯшиши интиқоли 2,5 кило маводи нашъаовари героин ба Маскав боздошт шуда буд. Рӯзи 16-уми сентябри соли гузашта Муштарӣ Муборакшоева ҳамроҳи шавҳараш Қоимдод Қомидодов, писари […]

ASIA-Plus



Суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Муштарӣ Муборакшоеваро ба 12,5 соли зиндон маҳкум кард.

Ёдрас мекунем, ки Муборакшоева аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук дар фурудгоҳи Душанбе ҳангоми кӯшиши интиқоли 2,5 кило маводи нашъаовари героин ба Маскав боздошт шуда буд.

Рӯзи 16-уми сентябри соли гузашта Муштарӣ Муборакшоева ҳамроҳи шавҳараш Қоимдод Қомидодов, писари сафири Тоҷикистон дар Белорус дар фурудгоҳи Душанбе зимни азназаргузаронии гумрукии бағочи мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе – Маскав – Минск боздошт гардида буд. Дар бағочи сафарии онҳо 2,5 кило маводи мухаддири героин дарёфт гардид. Муфаттишон хабар дода буданд, ки героин дар пинҳонгоҳи таги ҷомадон ошкор карда шуд.

Рӯзи дигар, 17-уми сентябр Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ки дар ин қазия нофаҳмиҳои зиёде мавҷуданд ва алҳол маълум нест, ки ҷомадон ба кӣ таллуқ дорад. Баъдан маълум шуд, ки ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар танҳо келини дипломат дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ мешавад.

Қоимдод Қоимдодов ба ҳайси мушовири Суди иқтисоди Белорус фаъолият дошта, бо ҳамсараш дар шаҳри Минск иқомат дошт.

Қозидавлат Қоимдодов аз соли 2009 сафири Тоҷикистон дар Белорус аст. Қаблан ба ҳайси муовини раиси парлумон ва муовини нахуствазири Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.