Душанбеву Бишкек тавофуқ ҳосил карданд

Рӯзи 31-уми январ гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек таҳти сарварии муовинони сарвазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов ба итмом расиданд. Бино ба маълумоти ВКХ Қирғизистон, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили ба эътидол овардани вазъ дар марзро, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад, мавриди баррасӣ қарор доданд. «Ҷонибҳо оид ба аз хатти […]

ASIA-Plus



Рӯзи 31-уми январ гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек таҳти сарварии муовинони сарвазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов ба итмом расиданд.

Бино ба маълумоти ВКХ Қирғизистон, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили ба эътидол овардани вазъ дар марзро, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад, мавриди баррасӣ қарор доданд.

«Ҷонибҳо оид ба аз хатти марз дур бурдани нерӯҳои иловагии низомӣ ва дигар чорабиниҳои таъмини суботу амн дар марзи давлатҳо ба мувофиқа расиданд», – иттилоъ медиҳад ВКХ Қирғизистон.

Ғайр аз ин, иттилоъ дода мешавад, ки ҷонибҳо ҳамчунин ба тақвият бахшидан ба кори гурӯҳҳои кори ҳукуматӣ оид ба масъалаи аломатгузорӣ дар марз низ гуфтушунид карда, муовинони нахуствазири кишварҳо тавофуқ ҳосил кардаанд, ки нимаи моҳи феврал дар ин хусус вохӯрӣ баргузор кунанд.

Ҷонибҳо оид ба ҳалли қариб ҳамаи масоили марбут ба эътидол оврадани вазъ дар марз тавофуқ ҳосил карда, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид Протоколи дахлдор ба имзо расидааст.

Мутобиқи Протоколи баимзорасида, пас аз иҷрои бандҳои Протоколи мазкур ҷониби Қирғизистон гузаргоҳҳои марзӣ миёни ҳарду кишварро боз мекунад.

Қобили зикр аст, ки ҳайати Тоҷикистонро дар гуфтушунид ҳамчунин роҳбарони ВКХ, ВКД, Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезия ва ёвари президент оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ намояндагӣ карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.