Даргузашти роҳбари ҷамъияти тоҷикони «Нур» дар Маскав

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия бо изҳори таассуф хабар медиҳад, ки шаби 2-юми феврали соли равон дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав роҳбари ҷамъияти “Нур”- яке аз марказҳои маъруфи фарҳангии тоҷикон дар Русия, олим ва адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Боғшоҳи Лашкарбек аз олам даргузашт. «Сафорат аз марги нобаҳангоми Боғшоҳи Лашкарбек сахт андухгин буда, ба аҳли хонаводаи […]

ASIA-Plus



Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия бо изҳори таассуф хабар медиҳад, ки шаби 2-юми феврали соли равон дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав роҳбари ҷамъияти “Нур”- яке аз марказҳои маъруфи фарҳангии тоҷикон дар Русия, олим ва адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Боғшоҳи Лашкарбек аз олам даргузашт.

«Сафорат аз марги нобаҳангоми Боғшоҳи Лашкарбек сахт андухгин буда, ба аҳли хонаводаи муътабари эшон, дӯстону наздикон ва аъзои ҷамъияте, ки марҳум солиёни зиёд сарварии онро бар уҳда дошт, изҳори ҳамдардӣ менамояд», – изҳори ҳамдардӣ мешавад дар хабари сафорат.

Ба иттилои манбаъ, сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев рӯзи 2-юми феврал масъулини сафоратро гирд оварда, дастур додааст, ки бо хонаводаи олими шинохтаи тоҷик ва шахсияти баргузидаи фарҳангии тоҷикон дар Русия Боғшоҳи Лашкарбек дар робитаи домӣ барқарор намуда, дар масоили ташкили маросими видоъ, ҳамчунин бо мувофиқат бо аҳли хонаводаи марҳум ҷиҳати интиқоли ҷасади ин шахсияти саршиноси ҷомеаи тоҷикистониёни Русия ба Ватан кумак расонем.

Гуфта мешавад, интизор меравад, ки маросими видоъ рӯзҳои наздик дар Маскав баргузор гардад.

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар бораи марҳму чунин ибрози надеша намуд: «Устод Боғшоҳи Лашкарбекро 16-сол аст, ки хуб мешинохтам. Равоншод ҳамчун олими адабиётшиноси тоҷик, сарвари яке аз ҷомеаҳои тоҷикистониҳои Русия дар фазои фарҳангии миллатҳои муқими Русия, аз ҷумла ҳамватанони мо ҳузури чашмгир доштанд. Эшон ҳамчун сипаҳсолори фарҳанги миллии тоҷикон дар хоки кишвари Русия ҳамеша дар такопӯ буд, ки насли феълии ҳамватанони мо, ки аксар ҷавонону наврасонанд, аз решаҳои асли хеш, ки дар кӯҳистони Ватан ҷой доранд, ба дуриҳо навфтанд, решапайвандие дошта бошанд. Инҷост, ки доимо маҳфилҳои фарҳангӣ баргузор мекарданд, кишвари азиз ва фарҳангу адабиёти қадимии мардуми моро муаррифӣ менамуданд. Марги ин фарзанди барӯманди миллат талафоти гаронест ба тоҷикистониёни муқими Русия». 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.