Чорабиниҳои «Созандагони Ватан» ба муносибати ҷашни солгарди Артиши миллӣ



Бо мақсади тарбияи ҷавонон дар руҳияи ифтихори ватандориву ватандӯстӣ ва дар ин замина сазовор таҷлил намудани 21-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузории силсилачорабиниҳо ба назар гирифта шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, доир ба масъалаи мазкур дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардида, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардид. Барномаи тасдиқшуда фарогири даҳ чорабинӣ буда, баргузор намудани мулоқоти донишҷӯёни макотиби олии вилоят бо намояндагони комиссариати ҳарбии вилоят, бо ҷалби хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёнаи шаҳру ноҳияҳо баргузор намудани озмуни ҳарбӣ – ватандӯстӣ таҳти унвони «Ҳомиёни Ватан», гузаронидани «Рӯзҳои дарҳои кушод» дар қисмҳои ҳарбӣ ҷиҳати шинос намудани ҷавонон бо ҳаёти аскарону афсарон, ташкили шанбегӣ дар «Майдони Ғалаба» дар назар аст

Ба иттилои манбаъ, ҳамчуни дар доираи чорабиниҳо аёдати оилаҳое, ки фарзандонашон барои барқароркунии сохти конститутсионӣ дар амалиётҳои ҳарбӣ, муҳориба бо гурӯҳҳои мусаллаҳ ҷон нисор кардаанд ё дар ҷараёни хизмати ҳарбӣ маъюб гардидаанд ва  собиқадорони соҳа, мулоқоти раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ва бахшҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо сарбозон, қадршиносии афсарону аскарони пешқадам ва ташкили шоми фарҳангӣ дар қисмҳои низомии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, бо назардошти ин маҷлиси  кумитаи тадорукот баргузор гардида, дар рафти ҷаласа масъулон баҳри дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ гузаронидани бандҳои нақшаи чорабинӣ вазифагузорӣ карда шудаанд.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли 2011 таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 35 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 60 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное