Таътили толибилмон то 10-уми феврал дароз шуд

Бо назардошти сардии обу ҳаво, ҳифзи саломатии таълимгирандагон имрӯз фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов «Дар бораи эълон намудани таътил дар муассисаҳои таълимӣ» ба имзо расид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати маорифи ҶТ, тибқи фармоиши мазкур дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, […]

ASIA-Plus



Бо назардошти сардии обу ҳаво, ҳифзи саломатии таълимгирандагон имрӯз фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов «Дар бораи эълон намудани таътил дар муассисаҳои таълимӣ» ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати маорифи ҶТ, тибқи фармоиши мазкур дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ) аз 3 то 10 феврали соли ҷорӣ таътил эълон карда шуд.

Гуфта мешавад, шуруъ аз 10.02.2014 дар тамоми муассисахои таълимӣ дарс тибқи ҷадвали дарсӣ бояд ба роҳ монда шавад. Соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси идовагӣ дар нимсолаи дуюми таҳсили 2014 гузаронида мешаванд.

Ҳамзамон, фармоиши мазкур раёсатҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, директор ва ректорони муассисаҳои таълимиро вазифадор менамояд, ки аз натиҷаи иҷрои фармоиши мазкур ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти хаттӣ пешниҳод намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.