Вахш: Ҳалокати зан аз дуди ангиштсанг дар бордони автомашина

Бо сард гардидани ҳаво ва боридани боришоти зиёд шаҳрвандон роҳу усулҳои гуногуни гармшавӣ аз сарморо ҷуста, қоидаҳои бехатарӣ ва эҳтиёткориро сарфи назар мекунанд, ки дар натиҷа ба ҳодисаҳои нохуш оварда мерасонад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, чунин як ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба вуқӯъ пайвастааст. Нимаи дуюми рӯзи якшанбеи ҳафтаи […]

ASIA-Plus



Бо сард гардидани ҳаво ва боридани боришоти зиёд шаҳрвандон роҳу усулҳои гуногуни гармшавӣ аз сарморо ҷуста, қоидаҳои бехатарӣ ва эҳтиёткориро сарфи назар мекунанд, ки дар натиҷа ба ҳодисаҳои нохуш оварда мерасонад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, чунин як ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба вуқӯъ пайвастааст. Нимаи дуюми рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер», соҳибкор Ҷумъабой Каримови 55-сола ҳамсараш Гулнора Ҷӯраеваи 41-сола ва Фараҳноз Абдулҳатоваи 21-соларо, ки дар бозори ноҳияи Вахш ба соҳибкорӣ машғул буданд, ба бордони автомашинаи шахсиаш савор карда, бо мақсади гармшавиашон дар дохили сатил як миқдор лахчаи сӯзони ангиштсангро дар наздашон мегузорад ва аз назди бозори Гулистон ба сӯи ноҳияи Вахш ҳаракат мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, дар вақти ба ҷамоати деҳоти Рӯдакии ҳамин ноҳия расидан, ронанда мехоҳад ба автомашинааш маводи сӯзишворӣ резад ва дари бордонашро кушода мебинад, ки Абдулҳатова Ф.Б. ва Ҷӯраева Г. аз дуди ангиштсанг заҳролуд шудаанд. «Ҳангоми ба беморхона бурдан Абдулҳатова Ф.Б. ба ҳалокат расида, Ҷӯраева Г. бошад, дар беморхона бистарӣ гардидааст», – гуфта мешавад дар хабари ВКД ҶТ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.