Барзу Абдураззоқов: Ҳамаи театрҳои давлатӣ ҷиддан бемори кӯҳнагиву афсурдагианд

– Агар дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳадди ақал як қисмате аз андешаву пешниҳодҳои ман оид ба наҷоти театри тоҷикро амалӣ кунанд, ман беҳад хушбахт хоҳам шуд, – изҳор кард коргардони шинохтаи тоҷик Барзу Абдураззоқов бо ёдоварӣ аз суҳбати ахираш бо муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Пиров. Ёдовар мешавем, ки зимни нишасти хабарии рӯзи 27-уми январ […]

ASIA-Plus



– Агар дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳадди ақал як қисмате аз андешаву пешниҳодҳои ман оид ба наҷоти театри тоҷикро амалӣ кунанд, ман беҳад хушбахт хоҳам шуд, – изҳор кард коргардони шинохтаи тоҷик Барзу Абдураззоқов бо ёдоварӣ аз

суҳбати ахираш

бо муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Пиров.

Ёдовар мешавем, ки зимни нишасти хабарии рӯзи 27-уми январ муовини вазири фарҳанг ба журналистон изҳор кард, ки чанд рӯз қабл ӯ дар вазорат бо Барзу мулоқот ва ба ӯ изҳор намудааст, ки агар ӯ намоишномаеро ба саҳна гузоштанӣ бошад, пас вазорат метавонад ӯро дастгирӣ кунад, вале Барзу посух додааст, ки алҳол чунин нақшаҳоеро дар сар надорад, зеро дар Бишкек қарордоде бастаасту муваққатан ба ҳамон ҷо меравад.

«Бале, мо бо ӯ сӯҳбат доштем ва дар бораи андешаҳои ман табодули назар карда, ман ба онҳо тадбирҳои наҷоти театрҳоро аз нигоҳи шахсиам иброз кардам. Вале ба шумо итминон медиҳам, ки дар бораи чӣ тарз амалӣ кардани андешаҳоям ҳатто суханеро ҳам ба забон наоварданд. Ба ман барои маслиҳатам ташаккур гуфта, аз даргоҳи вазорат гусел карданд. Ман дигар чизеро аз онҳо интизор нестам. Алъон гӯш додани онҳо хеле бароям ҷолиб аст. Ба ҷуз театри Лоҳутӣ, онҳо чизи дигареро пешниҳод карда наметавонанд. Ҷолиб аст, ки онҳо ба ман чӣ пешниҳод карда метавониста бошанд? Итминон медиҳам, ки ин хеле шавқовар аст. Нахуст ташкилоти эҷодиро нобуд сохта, сипас ҷасади ӯро пешниҳод мекунанд, то ки ман ба ӯ ҷон бахшам. Ман ҷодугар нестам, ки мурдаро зинда созам. Барои эҳёи ин театр ҳадди ақал роҳандозии барномаи даавлатӣ зарур аст, яъне бояд ба ин бевосита президент машғул шавад, вале ба гумон аст, ки ӯ ба ин кор даст занад. Ҳарчанд кӣ онҳоро медонад. Шояд дар онҳо қатрае аз худэҳтиромкунӣ боқӣ монда бошад. Намедонам…», – мегӯяд коргардон.

Айни замон Барзу Абдураззоқов дар Театри давлатии академии драмавии русии ба номи Ч.Айтматов ба фаъолият оғоз намуда, бо ҳайати эҷодии театр алҳол кам ошно аст, вале коргардони тоҷикро хеле хуб пазируфтаанд.

Ба савол дар бораи арзёбии вазъ дар театри мазкур Абдураззоқов зикр кард: «Бо ҳама камбуду норасоиҳо ҷиҳати мусбӣ дар он аст, ки театр нисбатан аз ҳимояи давлат бархӯрдор аст. Он дар пардохти музди меҳнати кафолатнок ва дастгирии баъзе аз фаъолиятҳо ифода меёбад. Аммо ҳамаи театрҳои давлатӣ ҷиддан бемори кӯҳнагиву афсурдагианд. Агар андешаҳои нав, драматургияи тозаи муосири ба талаботи тамошочӣ ҷавобгӯ, озмоишҳои ҷадиди коргардонҳо роҳандозӣ нашаванд, фаъолияти театре, ки мо ба он одат кардаем, ба нестӣ мерасад. Ин роҳи дурудароз ва пурмашаққат, вале муваффақона аст».

Ба гуфтаи коргардон, дар Қирғизистон аксарият ба ӯ ҳамчун наҷотгари театри миллӣ менигаранд ва ӯ хоҳони он аст, ки ба ин боварии онҳо сазовор гардад. «Ва аз ҳама бештар ман аз ҳамин метарсам… Вақте аз шахс умедвории зиёд доранд, ба воҳима меафтед», – афзуд Абдураззоқов.

Қобили зикр аст, ки коргардони маъруфи тоҷик Барзу Абдураззоқов дар ватани худ коре наёфта, соли гузашта коргардони беҳтарини соли Қирғизистон эътироф гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.