Номаи гурӯҳи «Забони порсӣ» ба дастгирии раиси Кумитаи забон

Иштирокчиёни гурӯҳи «Забони порсӣ» дар шабакаи иҷтимоии Facebook ба унвони раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ Гавҳар Шарофзода нома интишор намуда, дар он ташаббусҳои ӯ бобати тағйири номи муассисаҳо ба забони тоҷикиро дастгирӣ карданд. Муаллифони нома зикр мекунанд, ки забони порсӣ дар Тоҷикистон тайи солҳои истеъмори Шӯравӣ ва бесарусомонии пасошӯравӣ ба андозае бепаноҳ […]

ASIA-Plus



Иштирокчиёни гурӯҳи

«Забони порсӣ»

дар шабакаи иҷтимоии Facebook ба унвони раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ Гавҳар Шарофзода нома интишор намуда, дар он ташаббусҳои ӯ бобати тағйири номи муассисаҳо ба забони тоҷикиро дастгирӣ карданд.

Муаллифони нома зикр мекунанд, ки забони порсӣ дар Тоҷикистон тайи солҳои истеъмори Шӯравӣ ва бесарусомонии пасошӯравӣ ба андозае бепаноҳ мондааст, ки тармими он заҳмати фаровоне мехоҳад. «Аммо аз нахустин гомҳои Шумо пайдост, суккондори сазовори ин киштӣ ҳастед ва сояи балоро аз сари забони Рӯдакӣ дар сарзамини Рӯдакӣ батадриҷ дур хоҳед кард. Дар ин росто аз мо ҳар кумаке сохта аст, дар хидматем ва беандоза сарафрозу сипосгузор хоҳем буд, агар аз андӯхтаҳои гурӯҳи фейсбукии “Забони порсӣ” (яке аз бузургтарин гурӯҳҳои тоҷикистонӣ) дар сурати зарурат баҳра бигиред. Ҳарчанд мутмаиннем, ки бидуни кумаки мо ҳам аз бизоъати кофию вофӣ бархурдоред», – баён мегардад дар нома.

Дар идома гуфта мешавад, ҳосили солҳои парешонӣ наслҳои парешонанд, ки илзоман аҳаммият ва зарурати иқдомҳои Шуморо дарнамеёбанд. «Бархе ҳатто мепурсанд: “Ислоҳи забон ба кӣ даркор, вақте ки барқ надорем?!”, ғофил аз ин ки тармими хутути барқ аз вазифаҳои Кумитаи забон ва истилоҳот нест ва ҳамоно тармими забон аст, ки дар ҳитаи коркардҳои ин ниҳод мегунҷад. Шуморе ҳам ба тағйири овонигории вожаҳое чун “питзо” (pizza) эътироз кардаанд, ки ҳамаи онҳо, бидуни истисно, аз қоъидаҳои овонигорӣ ва таронависӣ дар забонҳои мухталиф, бавежа забони мо, огоҳ нестанд ва ба тарзи навишту талаффузи русии вожагон, ки бо рӯҳи забони порсӣ ҳамхонӣ надорад, пойбандии шигарфе доранд. Пас дидгоҳи ононро низ наметавон бар кафаи тарозуи арзёбиҳои ҳирфаӣ гузошт. Тасмими Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар мавриди “питзо” ва мавориди мушобеҳ комилан ҳирфаӣ буда ва шоёни дастгирист», – омадааст дар мактуб.

«Ҳадафи мо аз навиштани ин нома эъломи ҳимоят аз шахси Шумо ба унвони раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ва нахустин иқдомотест, ки дар ин симат анҷом додаед. Бидонед, ки қишри азиме аз мардуми порсизабони таҳсилкардаи Тоҷикистон бо Шумост ва побапои Шумо ин роҳро хоҳад паймуд, то забони порсӣ дар хостгоҳи худ бар ҷойгоҳи муносибаш қарор бигирад», – зикр мегардад дар нома.

 Зимнан имзокунандагони ин нома муътақиданд, ки дабираи кунунии забони мо дарбеҳпазир нест ва танҳо роҳи чора гузор ба дабираи модарии тоҷикон, хатти порсӣ аст. «Мусалламан, медонем, ки дар ин роҳ монеъҳои бисёре вуҷуд дорад, аммо мутмаиннем, ки мавонеъро бо дироят ва тафҳими зарурати гузор ба хатти порсӣ барои наҷоти ин забон мешавад пушти сар гузошт. Гузор ба хатти худӣ метавонад шомили як давраи духаттӣ бошад, то аз мизони сахтии он марҳила бикоҳад. Дар ин замина ҳам, агар ҳар хидмате аз мо бармеояд, дареғ нахоҳем дошт», – изҳор мегардад дар фарҷоми нома.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.