East Air кӯдакони бемори тоҷикро ба Олмон бурд

Рӯзи 12-уми феврал ширкати ҳавопаймоии East Air як гурӯҳ кӯдакони муҳтоҷ ба ҷарроҳиҳои мушкилро аз Тоҷикистон ба Олмон бурд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ, фармоишгари парвози ҳавопаймо бо хатсайри мазкур созмони хайрияи Деҳаи Байнулмилалии Сулҳ мебошад. Ҳамасола чунин парвозро ширкат ду маротиба – моҳҳои феврал ва август анҷом медиҳад. Парвози ҳавопаймо аз шаҳрҳои […]

ASIA-Plus



Рӯзи 12-уми феврал ширкати ҳавопаймоии East Air як гурӯҳ кӯдакони муҳтоҷ ба ҷарроҳиҳои мушкилро аз Тоҷикистон ба Олмон бурд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ, фармоишгари парвози ҳавопаймо бо хатсайри мазкур созмони хайрияи Деҳаи Байнулмилалии Сулҳ мебошад. Ҳамасола чунин парвозро ширкат ду маротиба – моҳҳои феврал ва август анҷом медиҳад. Парвози ҳавопаймо аз шаҳрҳои Кобулу Тошканд ва Тифлис гузашта, нуқтаи таъиноти ниҳояиаш шаҳри Дуюсселдорфи Олмон аст, ки дар он ҷо ба кӯдакон аз кишварҳои гуногун кӯмаки зарурии тиббӣ расонида мешавад.

Рӯзи 12-уми феврал аз рӯи ин барнома 68 нафар кӯдакон аз Тоҷикистону Афғонистон, Ӯзбекистону Қазоқистон ва Гурҷистону Арманистон ба Олмон расонида шуданд. Рӯзи 16-уми феврал бошад, ин ҳавопаймо аз Дюсселдорф бо ҳамин хатсйар парвоз карда, кӯдакони ним сол қабл тибқи ин барнома ба Олмон овардашударо ба макони зисти доимиашон бармегардонад.

Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии East Air аз соли 2011 бо созмони хайрияи Деҳаи Байнулмилалии Сулҳ ҳамкорӣ дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.