Асозода: Сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Қирғизистон-Қазоқистон-Русия алҳол танҳо як ният аст

– Сохтмони роҳи оҳани минтақавии Тоҷикистон-Қирғизистон-Қазоқистон-Русия алҳол танҳо як ниятест, ки дар барномаҳои дарозмуҳлати рушди бахши нақлиёти ин кишварҳо пешбинӣ шудааст, – изҳор кард зимни нишасти хабарӣ вазири нақлиёти ҶТ Хайрулло Асозода. Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба баррасии ин масъала танҳо як вохӯрии намояндагони мақомоти дахлдори кишварҳо дар шаҳри Маскав доир гардида, аз ин […]

Пайрав Чоршанбиев



– Сохтмони роҳи оҳани минтақавии Тоҷикистон-Қирғизистон-Қазоқистон-Русия алҳол танҳо як ниятест, ки дар барномаҳои дарозмуҳлати рушди бахши нақлиёти ин кишварҳо пешбинӣ шудааст, – изҳор кард зимни нишасти хабарӣ вазири нақлиёти ҶТ Хайрулло Асозода.

Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба баррасии ин масъала танҳо як вохӯрии намояндагони мақомоти дахлдори кишварҳо дар шаҳри Маскав доир гардида, аз ин рӯ, чунин лоиҳа ҳам ҳоло вуҷуд надорад.

Асозода зикр кард, ки оид ба таҳияи Барномаи рушди бахши нақлиёт дар Тоҷикистон то давраи соли 20150 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар ин барнома ҳамчунин як қатор бандҳои марбут ба рушди сохтмони роҳи оҳан дар сатҳи минтақавӣ низ дохил карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки масъалаи имкони сохтмони роҳи оҳани мазкур моҳи майи соли гузашта зимни мулоқоти сарони кишварҳои чор давлат дар нишасти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Бишкек

баррасӣ шуда буд.

Ҳамчунин қаблан зикр гардида буд, ки идомаи сохтмони ин роҳ то кишварҳое чун Афғонистону Эрон ва Туркманистон низ аз эҳтимол дур нест.

Коршиносони маҳаллӣ бар ин назаранд, ки амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Қирғизистон-Қазоқистон-Русия ба бунёди боз як воситаи нақлиётӣ дар доираи низоми амнияти дастаҷамъӣ ва ҳамчунин ба дастёбӣ ба бозорҳои бисёр кишварҳои минтақаи Осиё имкон фароҳам меоварад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.