Соли 2013 ҳаҷми боркашонӣ дар Тоҷикистон 6,2% афзуд

Соли 2013 тариқи тамоми навъҳои воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон беш аз 72 млн. тонна бору маҳсулот ҳамлу нақл шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 6,2% бештар аст. Бино ба маълумоти Вазорати наклиёти ҶТ,  соли 2013 тавассути воситаҳои нақлиёти истифодаи умумӣ зиёда аз 18 млн. тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба соли […]



Соли 2013 тариқи тамоми навъҳои воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон беш аз 72 млн. тонна бору маҳсулот ҳамлу нақл шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 6,2% бештар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати наклиёти ҶТ,  соли 2013 тавассути воситаҳои нақлиёти истифодаи умумӣ зиёда аз 18 млн. тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба соли пешин 1,3% зиёдтар мебошад.

Дар Вазорат зикр карданд, ки соли гузашта 561 млн. нафар мусофирон аз хизматгузориҳои воситаҳои нақлиёт истифода кардаанд. Аз шумори умумии мусофирон 1,1 млн. нафарашон аз нақлиёти ҳавоӣ ва қариб 561 ҳазор нафарашон аз нақлиёти роҳи оҳан истифода кардаанд.

Зимнан таъкид шуд, ки соли гузашта аз ҷониби 39 давлати хориҷи дуру наздик ва ширкатҳои ватанӣ тариқи нақлиёти байнулмилалии автомобилӣ 1,9 млн. тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 10,6% бештар аст. Ҳиссаи боркашонони ватанӣ дар ҳамлу нақли байнулмилалӣ 48,5%-ро ташкил додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.