Дар Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Эрон ба кор шурӯъ кард

Мавҷуда Ҳасанова Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯбаи намоишгоҳи молу маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Эрону Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Одил Сангов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар ҳамоиш беш аз 35 […]

root


Мавҷуда Ҳасанова




Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯбаи намоишгоҳи молу маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Эрону Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.



Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Одил Сангов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар ҳамоиш беш аз 35 нафар намояндагони корхонаҳои истеҳсолии музофоти Мозандарони Эрон ва ҳудуди 500 намояндагони доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон иштирок доранд. Интизор меравад, ки дар ҳамоиш як қатор шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.



Дар мусоҳиба бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» муовини устондори Мозандарон ва сарпарасти намоишгоҳ Аҳмади Ҷамшедӣ зикр кард, ки соҳибкорони музофоти Эрон омодаанд, ба рушди иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намоянд.



Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи ихтисосии музофоти Мозандарони Эрон ифтитоҳ гардид. Ин нахустин намоишгоҳи истеҳсолкунандагони молу маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон дар Тоҷикистон аст, ки майдони намоишгоҳ беш аз 700 метри мураббаъро ишғол мекунад.





Дар намоишгоҳ ба тамошобинон маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, гӯшт, чой, рустаниҳои доруворӣ, таҷҳизоти бандубаст, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти аз пластмасса сохташуда ва намунаҳои таҷҳизоту лавозимоти дафтари корӣ ва ороиши меъмории биноҳо пешкаш мегарданд. Намоишгоҳ то 14-уми август идома хоҳад ёфт.





Ёдрас мекунем, ки музофоти Мозандарон асосан бо истеҳсоли шоливу гандум ва меваҳои ситрусӣ (апелсин) маъруф гашта, дар он ҷо минтақаи озоди иқтисодӣ амал мекунад ва бахши сайёҳӣ рушд ёфтааст. Мозандарон бо Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар робитаҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.