Дар таъхир афтодани иҷрои парвозҳо ба хатсайрҳои Русия терминали байнулмилалии якуми Хуҷанд гунаҳкор нест, – К.Аҳмедов

Хуҷанд. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар таъхир афтодани парвозҳо ба хатсайрҳои Русия рӯзҳои ахир терминали байнулмилалии Хуҷанд гунаҳкор нест.   Директори терминали якуми Ҷамъияти саҳомии кушоди «Нурафшон» Карим Аҳмедов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки шаби 7-ум ба 8-уми август парвози ҳавопаймо ба хатсайри «Хуҷанд-Маскав», ки онро Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷикэйр» ба […]

Бахтиёр Валиев


Хуҷанд. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар таъхир афтодани парвозҳо ба хатсайрҳои Русия рӯзҳои ахир терминали байнулмилалии Хуҷанд гунаҳкор нест.

 

Директори терминали якуми Ҷамъияти саҳомии кушоди «Нурафшон» Карим Аҳмедов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки шаби 7-ум ба 8-уми август парвози ҳавопаймо ба хатсайри «Хуҷанд-Маскав», ки онро Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷикэйр» ба ӯҳда дорад, ба таъхир афтодааст. «Ҳудуди 170 нафар мусофирон шабро дар толори интизорӣ рӯз карданд, – гуфт ӯ. – Намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ ба онҳо эътиборе надода, бо хӯрок таъмин накарданд ва иллати боздошти парвози ҳавопайморо ҳам касе ба онҳо шарҳ надод».




Чунин ҳолат 8-уми август зимни парвози ҳавопаймои хатсайри Хуҷанд Санкт-Петербург низ рух дод, ки парвози он аз соати 7-и субҳ то 7-и бегоҳ мавқуф гузошта шуд ва ин парвоз низ ба дӯши корхонаи «Тоҷик Эйр» вогузор гашта буд.



«Мусофирон ба роҳбарияти терминал арзу шикоят бурданд, вале гап сари он аст, ки мо ба иҷрои парвозҳои ҳавопаймоҳои мусофирбар масъул нестем, инро бояд ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба анҷом расонанд, – гуфт К.Аҳмедов. – Дар навбати худ, мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сатҳи хизматрасониро баланд намоем ва бо дарназардошти ба таъхир афтодани парвозҳо мо дар терминал утоқҳои шустушӯӣ омода сохтем, то мусофирон аз он бемалол истифода баранд».



Аз терминал ҳамчунин иттилоъ доданд, ки парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия низ гоҳ-гоҳ ба таъхир меафтанд, вале ин он қадр назаррас нест.


 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.