Дар Душанбе намояндагони хадамоти махсуси Афғонистон малакаҳои мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддирро меомӯзанд

Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе тренинги дурӯза оид ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони хадамоти махсуси Афғонистон дар мавриди мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ба кор шурӯъ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари намояндагии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе тренинги дурӯза оид ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони хадамоти махсуси Афғонистон дар мавриди мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ба кор шурӯъ кард.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари намояндагии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, дар семинар 15 нафар намояндагони милиса, гумрукчиён ва марзбонони афғон малакаҳои мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддирро меомӯзанд.




           

«Ба сифати омӯзгорону мураббиён кормандони Раёсати мубориза бар зидди маводи нашъаовари Вазорати адлияи Амрико (


DEA


) ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон интихоб шудаанд», – изҳор дошт манбаъ.




           

Ба иттилои сарчашма, тамоми хароҷоти баргузории тренинг бар дӯши намояндагии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон вогузор шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.