Ҳамлагари дастаи футболи Тоҷикистон аз иштирок дар ду бозӣ маҳрум ва ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима баста шуд

Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбе кумитаи интизомии Конфедератсияи футболи Осиё нисбати рафтори ношоями футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон Давронҷон Тухтасунов ва футболбозони Кореяи Шимолӣ Пак Нам Чола ва Тсой Мин Хо дар вохӯрии ин дастаҳо қарор қабул кард. Ёдрас мекунем, ки дар ин бозӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 1 бар сифр дастболо […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбе кумитаи интизомии Конфедератсияи футболи Осиё нисбати рафтори ношоями футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон Давронҷон Тухтасунов ва футболбозони Кореяи Шимолӣ Пак Нам Чола ва Тсой Мин Хо дар вохӯрии ин дастаҳо қарор қабул кард. Ёдрас мекунем, ки дар ин бозӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 1 бар сифр дастболо шуд.




Сомонаи расмии конфедератсия иттилоъ медиҳад, ки Даврон Тухтасунов барои баъд аз анҷоми бозӣ ҷанҷол кардан ва зарба задан ба ҳамлагари дастаи Корея Юн Ен Ил аз иштирок дар ду бозӣ маҳрум ва ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима баста шуд.



Футболбози дастаи Корея Тсой барои рафтори ношоям (туф кардан) нисбат ба Даврон Тухтасунов аз иштирок дар шаш бозӣ маҳрум гардида, ӯ низ ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима баста шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.