Хатлон: Нахуствазир ҷараёни иҷрои супоришҳояшро месанҷад

Дар ҷараёни сафари кории дуюми имрӯз оғозгардидаи нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ӯ бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Восеъ ва Кӯлоб шинос шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов иттилоъ дод, сафари аввали нахуствазир ба минтақаи Кӯлоб рӯзи 21-уми январи соли ҷорӣ хеле пурмаҳсул анҷом пазируфт. Ба […]

Турко Дикаев



Дар ҷараёни сафари кории дуюми имрӯз оғозгардидаи нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ӯ бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Восеъ ва Кӯлоб шинос шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов иттилоъ дод, сафари аввали нахуствазир ба минтақаи Кӯлоб рӯзи 21-уми январи соли ҷорӣ хеле пурмаҳсул анҷом пазируфт.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра 1 млн. сомонӣ маблағ ба ихтиёри шаҳр ворид гардида, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба амалисозии ду лоиҳа дар қитъаҳои дорои хатари селфароӣ дар маҳаллаҳои аҳолинишини Даҳана ва Ҳоҷӣ Исҳоқи ноҳияи Кӯлоб оғоз намуд. «Пас аз шиносоии бевосита бо рафти корҳо дар ин иншоот, Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо ҷараёни корҳои барқароркунӣ дар бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб пас аз сӯхтор низ аз наздик ошно мегардад», – иброз дошт номбурда.

Раиси шаҳри Кӯлоб мегӯяд, корҳои сохтмону барқароркунӣ дар бозори мазкур то 16-уми март комилан ба анҷом расида, 635 нафар ҷабрдидагон муддати 1 сол аз пардохти ҳаққи ҳама гуна хизматгузориҳои бозор ва ҳамчунин аз пардохтҳои андоз дар давраи аз фаъолият бозмондан озод карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.