Баррасии стратегияи миллии Тоҷикистон дар бахши муҳоҷират

Дар арафаи рӯзи Модар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор намуд, ки ба мавзӯи «Раванди татбиқи Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011- 2015» бахшида шуда буд . Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамот, дар конфронс намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, […]

ASIA-Plus



Дар арафаи рӯзи Модар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор намуд, ки ба мавзӯи «Раванди татбиқи Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011- 2015» бахшида шуда буд

.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамот, дар конфронс намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират иштирок дошта, Сардори Раёсати рушди иқтисодии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Туманова Гулҷаҳон Абдуфаттоевна намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати молия, Вазорати тандурустӣ, Вазорати маорифи ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ даъват шуда буданд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ С.Тағоева нахуст дар хусуси дигаргуниҳо, аз ҷумла, шомил шудани Хадамоти муҳоҷират ба сохтори вазорат, оид ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, фаъолияи Хадамоти муҳоҷират ба ҳозирин маълумот дода, оид ба ҷараёни татбиқи Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҶТ ба хориҷа барои солҳои 2011 2015 маърӯза намуд.

 Иҷрои Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҶТ ба хориҷа барои солҳои 2011 2015 ҳуҷҷати муҳим ҷиҳати татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими раванди муҳоҷират ва воситаи ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа мебошад.

Дар ҷараёни конфронс намояндаҳои ҳар як вазорату идораи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати молия, Вазорати тандурустӣ, Вазорати маорифи ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ, баромад намуда, корҳои анҷомдодаашонро оид ба иҷрои бандҳои Стратегияи мазукур маърӯза ва ҳисобот доданд. Дар конфронс, аз ҷумла, намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ дар ҶТ, Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар ҶТ ширкат намуда, оид ба ӯҳдадориҳои худ дар иҷрои стратегияи мазкур ҳисобот доданд.

Дар интиҳои конфронси илмӣ амалӣ ҳозирин нисбати баррасӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта нисбати иҷроиши Стратегияи Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҶТ ба хориҷа барои солҳои 2011 2015 саволу ҷавоб ва мубоҳиса сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.