Семинарҳои омӯзишии «Тоҷикстандарт» дар Хатлон

Агентии «Тоҷикстандарт» намояндагони корхонаҳои истеҳсолии Хатлонро бо усулҳои гузаштан ба стандартҳои байналминалӣ меомӯзонад. Бино ба гуфти сармутахассиси шуъбаи мененҷменти сифати Агентии «Тоҷикстандарт» Ситора Шерова, тибқи супориши директори агентӣ барои кормандони марказҳои «Тоҷикстандарт» дар минтақаҳо ва намояндагони корхонаю ширкатҳои истеҳсолкунанда як  силсила семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуда истодаанд. «Дар семинари имрӯза дар шаҳри Қӯрғонтеппа 15 нафар мутахассисон […]

Сайраҳмон Назриев



Агентии «Тоҷикстандарт» намояндагони корхонаҳои истеҳсолии Хатлонро бо усулҳои гузаштан ба стандартҳои байналминалӣ меомӯзонад.

Бино ба гуфти сармутахассиси шуъбаи мененҷменти сифати Агентии «Тоҷикстандарт» Ситора Шерова, тибқи супориши директори агентӣ барои кормандони марказҳои «Тоҷикстандарт» дар минтақаҳо ва намояндагони корхонаю ширкатҳои истеҳсолкунанда як  силсила семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуда истодаанд.

«Дар семинари имрӯза дар шаҳри Қӯрғонтеппа 15 нафар мутахассисон бо усулҳои гузариш ба стандартҳои байналминалӣ, аз ҷумла мененҷменти сифат, сифати бехатарии маҳсулот «HACCP» ва сифати «Ҳалол» аз наздик ошно мегарданд. Семинар муддати се рӯз давом хоҳад кард», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфти Ситора Шерова, то ба имрӯз 80 корхонаю ширкатҳои истеҳсолӣ соҳиби сертификатҳои байналминали шудаанд ва 25 ширкату корхонаҳои дигар ба агентӣ оид ба гирифтани чунин сертификат дархост пешниҳод намудаанд.

Аскар Соҳибназаров, муовини директори маркази стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои Қӯрғонтеппа мегӯяд, 22 корхонаю ширкатҳои Хатлон барои гирифтани сертификатҳои байналминалӣ, аз ҷумла сертификати «Ҳалол» дархост пешниҳод кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.