Корхонаҳои кишоварзии Новосибирск тоҷиконро ба кор даъват мекунанд

Моҳи апрел дар мавсими корҳои саҳроӣ ҶДММ «Профсервис»-и вилояти Новосибирски Русия беш аз 15 нафар шаҳрвандони тоҷикро ба кор даъват мекунад. Тавре котиби матбуотии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, ба ҷуз таъмин бо манзили зист ва ғизо, корхона барои расмиёти ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати фаъолияти қонунии шаҳрвандони […]

Аваз Юлдошев



Моҳи апрел дар мавсими корҳои саҳроӣ ҶДММ «Профсервис»-и вилояти Новосибирски Русия беш аз 15 нафар шаҳрвандони тоҷикро ба кор даъват мекунад.

Тавре котиби матбуотии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, ба ҷуз таъмин бо манзили зист ва ғизо, корхона барои расмиёти ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати фаъолияти қонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия низ муосидат мекунад.

«Дар ин бора  директори корхонаи мазкур Андрей Устименко зимни мулоқот бо корманди ба Ҳавзаи федералии Сибир сафарбаршудаи намояндагӣ изҳори назар кард. Дархости расмӣ бо хоҳиши бо ҷойи кор таъмин намудан бо зикри шароитҳои кор ва талабот ба кормандон ба намояндагӣ расид», – таъкид дошт Аҳмадов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.