АНМН: Мусодираи ҳудуди 120 кило маводи мухаддир дар як силсила амалиёт

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсуси бисёрмарҳила оид ба боздошт намудани шахсоне, ки бо интиқоли маводи нашъаовар аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя машғул буданд, тақрибан 120 кг маводи нашъаовар мусодира намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ якҷоя бо сохторҳои […]

ASIA-Plus



Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсуси бисёрмарҳила оид ба боздошт намудани шахсоне, ки бо интиқоли маводи нашъаовар аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя машғул буданд, тақрибан 120 кг маводи нашъаовар мусодира намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ якҷоя бо сохторҳои қудратӣ 18 кг 829 грамм маводи нашъаовари гашишро мусодира намуданд.

Амалиёти дуюмро кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ба анҷом расониданд. Дар шаҳри Хуҷанд бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъаовар сокини 49-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт гардид, ки аз ӯ 96 кг маводи нашъаовари ҳашиш ёфт ва мусодира гардид, инчунин шарики ҷинояти ӯ – сокини 32-солаи ҳамин ноҳия боздошт гардид, ки маводи нашъаовар ба ӯ тааллуқ дошт.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки сокини 49-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қаблан барои “бандитизм” ва “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ” ба 13 соли маҳрум шудан аз озодӣ суд шуда буд, аммо пас аз ба озодӣ баромадан хулосаи зарурӣ набаровард.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст. Боздоштшудагон ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуданд. Айни ҳол барои муайян ва боздошт намудани ҳамаи шахсоне, ки ба ҷиноятҳои мазкур даст задаанд, чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.