Баррасии масъалаҳои анҷоми сохтмони нақби «Истиқлол» ва нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар Теҳрон

Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Теҳрон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф дидор намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқоти мазкур масъалаҳои авлавиятноки муносибатҳои байни ду кишвар мавриди баҳс ва табодули назар қарор гирифтанд. Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳ ва […]

asia+, asia+



Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Теҳрон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф дидор намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқоти мазкур масъалаҳои авлавиятноки муносибатҳои байни ду кишвар мавриди баҳс ва табодули назар қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории дуҷониба, омодагӣ ва рағбати худро ба густариш ва таҳкими бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетикиву нақлиётӣ, фарҳангиву омӯзишӣ ва амниятӣ таъкид намуданд.

Инчунин Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом дода, мардуми кишварҳои ҳамдигарро бо фаро расидани ҷашни Наврӯз муборакбод гуфтанд.

Сипас Сироҷидин Аслов бо вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳамид Читчиён мулоқот анҷом дод.

Ҳангоми суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории байни ду кишвар дар соҳаҳои энергетика ва зербинои нақлиёт, аз ҷумла амалисозии нирӯгоҳи барқи обии Сангтуда-2 ва нақби Истиқлолро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мусоҳибон инчунин дар мавриди баҳрабардории оқилона аз захираҳои обии минтақа ва манбаъҳои таҷдидпазири энергия мубодилаи афкор намуда, алоқамандии ду ҷонибро ба густариш ва таҳкими бештари ҳамкорӣ дар амалисозии тарҳҳои муҳимми зербиноӣ таъкид карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.