Дар ду моҳ ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ 740 млн. $-ро ташкил дод

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли равон 740 млн. доллари ИМА -ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 6% ё худ 46 млн. доллари ИМА камтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодилибеш аз 470 […]

ASIA-Plus



Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли равон 740 млн. доллари ИМА -ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 6% ё худ 46 млн. доллари ИМА камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодилибеш аз 470 млн. доллари ИМА шудааст. Моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 71 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 61 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар зарфи ду моҳи аввали ҳамин сол ҳаҷми содироти мол беш аз 134 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ду моҳи аввали соли гузашта ба миқдори 45% камтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми зиёда аз 605 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11% зиёдтар аст.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар моҳи январи соли 2014 Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он зиёда аз 200 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Қазоқистон – ҳудуди 144 млн. $, Чин – 65 млн. $ ва Туркия – тақрибан 64,8 млн. $-ро ташкил додааст.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 ҳудуди 5 млрд. 285 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 2,9% ё худ 146,7 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.