Коммунистон умуман бекор кардани гаравпулии интихоботиро пешниҳод карданд

Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков лоиҳаи тағийроту илова ба қонун «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ»-ро таҳия ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод карданд. Вакил Исмоил Талбаков ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки мутобиқи тағйироту иловаи пешниҳодшуда гаравпулии интихоботӣ барои […]



Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков лоиҳаи тағийроту илова ба қонун «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ»-ро таҳия ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод карданд.

Вакил Исмоил Талбаков ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки мутобиқи тағйироту иловаи пешниҳодшуда гаравпулии интихоботӣ барои вакилони палатаи поёнии парлумон бояд умуман бекор карда шавад.

«Бекор шудани маблағи гаравпулии интихоботӣ ба намояндагони илм, касбҳои эҷодӣ имкон медиҳад, ки номзадиашонро ба вакилӣ пешбарӣ кунанд», – гуфт Талбаков.

Ба қавли ӯ, ғайр аз ин, вакилони Ҳизби коммунист дар парлумон пешниҳод доранд, ки 49%-и вакилони палатаи поёнии парлумон аз рӯйи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ва 51% аз рӯйи ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб карда шаванд.

«Пешниҳоди аз ҳама муҳимтари мо дар он ифода меёбад, ки ба ҳайати комиссияҳои интихоботии қитъавӣ намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар шомил гардонида шаванд, зеро тақдири интихобот бидуни шакку шубҳа дар ҳамин комисияҳо ҳал мешавад», – таъкид кард Талбаков.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки лоиҳаи тағйироту иловаи аз ҷониби онҳо пешниҳодшуда имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасӣ шуда, ҷиҳати омӯзиш ба кумитаву комиссияҳои дахлдор ва ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.