Даъвои Агентии зиддифасод нисбати соҳибкор Фирташ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи ҷумҳурӣ оид ба ғайриқонунӣ эътироф кардани шартнома дар бораи таъсиси КМ ҶСП «Тоҷиказот», ки 75%-и саҳмияҳояш ба тоҷири украинӣ Дмитрий Фирташ тааллуқ доранд, ба суди иқтисодии вилояти Хатлон даъво пеш овард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии зиддифасод хабар дод, шартномаи соли 2002 баимзорасида дар […]



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи ҷумҳурӣ оид ба ғайриқонунӣ эътироф кардани шартнома дар бораи таъсиси КМ ҶСП «Тоҷиказот», ки 75%-и саҳмияҳояш ба тоҷири украинӣ Дмитрий Фирташ тааллуқ доранд, ба суди иқтисодии вилояти Хатлон даъво пеш овард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии зиддифасод хабар дод, шартномаи соли 2002 баимзорасида дар бораи таъсиси корхонаи муштараки «Тоҷиказот»-и Тоҷикистону Кипр миёни ширкати Фирташ «Хайрок Холдингс Лимитед» ва давлат, ки саҳмаш дар он ба 25% баробар аст, ғайриқонунӣ мебошад.

«Шартномаи мазкур соли 2002, замони вазири саноати Тоҷикистон будани Зайд Саидов, ки ахири соли гузашта ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, ба имзо расидааст», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ғайр аз ин, раҳбарияти «Тоҷиказот» низ ба истифодаи ғайриқонунии воситаҳо ва фурӯши таҷҳизоти корхона гумонбар дониста мешавад.

«Дар сурати ғайриқонунӣ эътироф шудани таъсис ва хусусигардонии КМ «Тоҷиказот», корхона пурра таҳти назорати давлат қарор мегирад», – зикр карда манбаъ ва таъкид дошт, ки санҷиши фаъолияти корхона идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки миллиардери маъруфи украинӣ Дмитрий (Дмитро) Фирташ рӯзи 13-уми мрат дар Австрия

дастгир шуд.

Ӯ аз тарафи Амрико бо иттиҳоми ришвадиҳӣ ва қасди ҷиноӣ таҳти таъқиб қарор дошт.

Баъдан суди Австрия қарор кард, ки соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ бо гарави 125 млн. евро маблағ

озод карда шавад

. Дмитрий Фирташ ба бастаи саҳмияҳои назоратии ҶСП КМ «Тоҷиказот» низ соҳиб аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.