Президент боғи Наврӯзгоҳи пойтахтро ифтитоҳ кард

Шоми рӯзи чоршанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар масоҳати 46 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст, мавриди баҳрабардории умум қарор гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифта, дар баробари Боғи Рӯдакӣ, боғу […]



Шоми рӯзи чоршанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар масоҳати 46 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст, мавриди баҳрабардории умум қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифта, дар баробари Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ба маркази шаҳри Душанбе ҳусну намои тоза зам кардааст.

Дарахтони зебою нодири боҳашамати ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар ба ин ҷо оварда шинонда шудаанд, аз ороишоти асосии ин боғи биҳиштосо ба шумор меравад.

Аз ороишоти асосии дигари боғи навбунёди Наврӯзгоҳ шаршараи боҳашамат ва фаввораҳои назди он аст, ки бо пахши тугма аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуданд. Тавре аён гардид ин шаршараи бошукӯҳ, ки баландиаш 20 метр аст ва ҳам фаввораҳои сершумори Наврӯзгоҳ шабонгоҳон бо рангҳои гуногун ҷило медиҳанд.

Дар боғи Наврӯзгоҳ имрӯз, ҳамчунин майдончаи бозию дилхушии кӯдакон мавриди истифода қарор гирифт, ки дорои атраксионҳои гуногун аст.

Дар гӯшаҳои гуногуни боғи Наврӯзгоҳ, ҳамчунин як тарабхона бо 150 ҷойи нишаст, қаҳвахонаи яхмос бо 40 ҷойи нишаст, ошхона бо 20 ҷой ва чойхона бо 60 ҷойи нишаст бунёд ёфтаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.