Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс — Дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт дар мавзӯи «Сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон: рушд ва мушкилот» конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Оғоз соати 09-00; — Дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ вохӯриҳои нимфиналии Ҷоми ФФТ  баргузор мешаванд. Оғози бозиҳо соати 12-00 ва 15-00; — Дар доираи кори иҷлосияи 57-уми Комиссия оид ба воситахои нашъаовар Тоҷикистон гузориши […]

ASIA-Plus



Анонс

— Дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт дар мавзӯи «Сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон: рушд ва мушкилот» конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

— Дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ вохӯриҳои нимфиналии Ҷоми ФФТ  баргузор мешаванд. Оғози бозиҳо соати 12-00 ва 15-00;

— Дар доираи кори иҷлосияи 57-уми Комиссия оид ба воситахои нашъаовар Тоҷикистон гузориши вазъи маводи мухаддир дар кишварро дар қароргоҳи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Вена муаррифӣ мекунад.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.8001

сомонӣ;


1

евро

– 6.6012

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1330

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих


1991

– Дар раъйпурсии умумииттифоқӣ аз чор се ҳиссаи овоздиҳандагон ба ҷонибдории боқӣ мондани Иттиҳоди Шӯравӣ раъй доданд. Худи ҳамон сол ИҶШС пош хӯрд.


2003

– Президент Э.Раҳмонов бо маърӯза дар Форуми ҷаҳонии об дар Киото (Ҷопон)  суханронӣ намуда, пешниҳод намуд, ки аз соли 2005 Даҳсолаи байнулмилалии оби тоза эълон карда шавад. Моҳи декабр ин ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби СММ расман дастгирӣ ёфт.


2010

— Дар Душанбе дар синни 59-солагӣ пешвои маънавӣ ва сиёсии ҲНИТ Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз олам даргузашт.


1910

– Зодрӯзи оҳангсоз, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Шариф Бобокалонов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад, (дар баландии 2200 метр борону барф), раъду барқ.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +6+11.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, дар куҳҳо борону барф, баъзан раъду барқ.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона 0+5.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда,  борони кӯтоҳмуддат, дар куҳҳо борону барф, раъду барқ.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +1+6.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борону барф меборад.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3+2, рӯзона +3+8;  дар шарқи вилоят шабона -8-13, рӯзона -4+1.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +15+17.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. 

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +14+16.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

 Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +17+19.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.     

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +16+18.   


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, боришоти начандон зиёд.   

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +4+6.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.