Дар Исломобод созишномаи байниҳукуматӣ оид ба таҳияи лоиҳаи хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ-1000 ба имзо расид

Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Исломобод зимни баргузории конфронси чаҳоруми иштирокчиёни лоиҳаи бозори нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ( CASAREM )   созишномаи байниҳукуматӣ оид ба таҳияи лоиҳаи хати интиқоли барқи Осиёи Марказ ӣ -Осиёи Ҷ ануб ӣ -1000 ва рушди минбаъдаи бозори энергетикии ин минтақа ба тасвиб расид. Дар амалисозии […]

Виктория Наумова


Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Исломобод зимни баргузории конфронси чаҳоруми иштирокчиёни лоиҳаи бозори нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (


CASAREM


)

 

созишномаи байниҳукуматӣ оид ба таҳияи лоиҳаи хати интиқоли барқи Осиёи Марказ


ӣ


-Осиёи


Ҷ


ануб


ӣ


-1000 ва рушди минбаъдаи бозори энергетикии ин минтақа ба тасвиб расид. Дар амалисозии лоиҳа давлатҳои Покистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.




Тибқи иттилои сомонаи интернетии Покистон


Aaj


.


tv


, созишномаи байниҳукуматӣ муфассал баррасӣ шуда бо дарназардошти пешниҳоду тавсияҳо таҳия гардидааст. Созишномаро вазири энергетикаи Покистон, вазири энергетика ва захираҳои обии Афғонистон, вазири саноат, энергетика ва захираҳои сӯзишвории Қирғизистон ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба имзо расониданд.



Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта дар Кобул Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Қирғизистон Ёддошти тафоҳуми таъсиси хатҳои интиқоли барқи миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба имзо расониданд, ки маблағи он 500 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ёддошти мазкур сохтмони хати интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистонро тавассути Афғонистон пешбинӣ мекунад.



Мувофиқи муқаррароти созишнома аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон 1300 МВт нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Масофаи хати баландшиддати интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Покистон тавассути Афғонистон


750 километр

аст.

 

 


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.