Эмомалӣ Раҳмон: Вазифаи аввалиндараҷаи кишоварзон – таъмини амнияти ғизоӣ аст

Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар семинари умумиҷумҳуриявии кишоварзӣ дар шаҳри Ваҳдат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рафти кишти такрорӣ ва комёбиҳои кишоварзони ин ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки тибқи маълумоти олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ дар мамлакат аз рӯи нақшаи муқарраргардида васеъ намудани майдонҳои кишти такрории зироатҳои ғалладона аз […]

root


Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар семинари умумиҷумҳуриявии кишоварзӣ дар шаҳри Ваҳдат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рафти кишти такрорӣ ва комёбиҳои кишоварзони ин ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуд.




Ӯ зикр кард, ки тибқи маълумоти олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ дар мамлакат аз рӯи нақшаи муқарраргардида васеъ намудани майдонҳои кишти такрории зироатҳои ғалладона аз имкон берун аст, вале аз ҳисоби самаранок ва оқилона истифода бурдани заминҳои обиву лалмӣ, захираҳои биологиву иқлим, кишти навъҳои нави нисбатан серҳосил, бахусус тухмиҳои хушсифат ва такмил додани агротехникаи парвариши онҳо аз як қитъаи замин ба даст овардани ду ҳосили ғалла дар як сол имкон дорад.



«Дар масоҳати имрӯзаи кишт, ки барои зироатҳои ғалладона дар мамлакат ҷудо шудааст, ба ҳисоби миёна зиёда аз 1 миллион тонна ҳосили ғалладона ба даст овардан мумкин аст», – зикр кард сарвари давлат.



Дар суханронии худ Э.Раҳмон ҷараёни баргузории кишти такрорӣ дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд, Темурмалик, Қумсангир ва Шаҳринавро ғайриқаноатбхш арзёбӣ кард.



«Ҳадафи асосӣ аз татбиқи пайгиронаи сиёсати иқтисодии давлат, аз ҷумла дар самти кишоварзӣ пеш аз ҳама таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад ва барои ноил шудан ба ин ҳадаф мо бояд бо истифода аз ҳамаи роҳу усулҳо ва захираву имкониятҳо рушди устувори соҳаи кишоварзиро таъмин намоем», – афзуд президенти ҷумҳурӣ. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.