Бо қарори додгоҳ собиқ сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Ҷ.Садриддинов дар мансабаш барқарор карда шуд

Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзноманигори тоҷик, собиқ сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов дар мансабаш барқарор карда шуд. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» рӯзноманигор изҳор дошт, ки далелҳои айбдоркунии ӯ дар даст доштан ба «наворбардорӣ, паҳн ва фурӯши дискҳои порнографӣ» исбот карда нашуданд. […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзноманигори тоҷик, собиқ сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов дар мансабаш барқарор карда шуд.




Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» рӯзноманигор изҳор дошт, ки далелҳои айбдоркунии ӯ дар даст доштан ба «наворбардорӣ, паҳн ва фурӯши дискҳои порнографӣ» исбот карда нашуданд.



Қобили зикр аст, ки 17-уми майи соли равон мувофиқи фармони вазири корҳои дохилӣ майори милиса Ҷ.Садриддинов аз вазифа сабукдӯш гардид. Аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буданд, ки «зимни баргузории тафтишоти дохилӣ аз ҷониби хадамоти амнияти вазорат, дар компютери ӯ файлҳои порнографӣ дарёфт карда шуданд, ки ба шаъну обрӯи хизматчии давлатӣ муносиб нест. Аз ин рӯ, қарор карда шуд, ки ӯ аз мансаб барканор гардад».



Ин далелҳоро Ҷ.Садриддинов беасос номида, дар бораи ғайриқонунӣ будани фармони вазир ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуд. Пас аз тафтишоти дуҳафтаина даст надоштани Ҷ.Садриддинов ба далелҳои айбдоркунӣ исбот гардида, додгоҳ ғайриқонунӣ будани фармони вазирро эътироф кард. «Ман бори дигар боварӣ ҳосил намудам, ки мақомоти додгоҳии Тоҷикистон мустақил буда, аз рӯи адолат рафтор мекунанд», – гуфт дар анҷом Ҷ.Садриддинов.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.