Чорводорони Кӯлоб аз коҳиши саршумори чорво изҳори нигаронӣ мекунанд

Кӯлоб. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон коҳиши 1169 сар чорвои майда, 31 сар чорвои калони шохдор ва 36 сар асп ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар мебошад. Сармутахассиси раёсати минтақавии кишоварзии Кӯлоб Ҷумъахон Амиршоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон коҳиши 1169 сар чорвои майда, 31 сар чорвои калони шохдор ва 36 сар асп ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар мебошад.




Сармутахассиси раёсати минтақавии кишоварзии Кӯлоб Ҷумъахон Амиршоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар ноҳияи Мӯъминобод 1155 сар, Восеъ 449 сар чорвои майда, дар ноҳияи Темурмалик 18 сар ва Восеъ 10 сар асп кам шудааст. Ташвиши чорводорон бо ин ба охир нарасиданд. «Зарур омад, ки бисёр чорворо ба таври иҷборӣ кушем», – гуфт ӯ ва афзуд, ки дар 7 моҳи соли равон 2 ҳазору 88 сар чорвои калони шохдор, 22 ҳазору 350 сар чорвои майда ва 395 сар аспро ба таври иҷборӣ куштаанд.



Ба қавли мутахассис, зимистони сарди гузашта ва саривақт наандешидани чораҳои зарурӣ аз ҷониби хадамоти байтории ноҳияву хоҷагиҳо ба чунин вазъ боис гаштаанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.