Дэвид Оуэн: Ширкатҳои аудиторӣ аллакай фаъолияти ШСХК «Барқи тоҷик» ва Бонки миллии Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор додаанд

Душанбе. 6-уми август ОИ «Азия-Плюс» – Сармушовири Департаменти Хазинаи байнулмилалии асъор оид ба Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Дэвид Оуэн пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки аз ҷониби ширкати аудитории Русия «БТ-Юником» фаъолияти ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» мавриди санҷиш қарор гирифтааст. Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки фаъолияти Бонки […]

Аваз Юлдошев



Душанбе. 6-уми август ОИ «Азия-Плюс» – Сармушовири Департаменти Хазинаи байнулмилалии асъор оид ба Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Дэвид Оуэн пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки аз ҷониби ширкати аудитории Русия «БТ-Юником» фаъолияти ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» мавриди санҷиш қарор гирифтааст.






Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки фаъолияти Бонки Миллии Тоҷикистон низ таҳти аудити махсус қарор дорад ва интизор меравад, ки натиҷаҳои он моҳи ноябр эълон карда мешаванд.





Дар мавриди санҷиши фаъолияти ширкати алюминии Тоҷикистон «Талко» номбурда зикр кард, ки «вазифаҳои техникии баргузории аудит аллакай омода шудаанд». «Мо умедворем, ки пас аз эълони тендер моҳи сентябр санҷиши фаъолияти ин ширкат оғоз хоҳад гардид», – гуфт ӯ.





Д.Оуэн ба вазъи иқтисоди Тоҷикистон, ки пас аз зимистони сарди гузашта барқарор мешавад, таваҷҷӯҳ зоҳир намуда гуфт: «Мо аз сатҳи баланди таваррум, нархи қиммати маводи ғизо ва нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ нигарон ҳастем ва умедворем, ки ҳукумати кишвар пешниҳодоти моро дар ин самт ба эътибор хоҳад гирифт».





Ҳайати ХБА-ро сармушовири Департаменти ХБА оид ба Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Дэвид Оуэн, ки ба шарҳи фаъолият дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз масъул аст, роҳбарӣ мекунад.





Ҳайати ХБА бо сафари расмӣ барои натиҷагирӣ аз вазъи макроиқтисодӣ ва пешравии марҳилаи аввали Барномаи Мониторинги Хазина (




SMP




), ки нимсолаи дуввуми соли ҷориро дар бар мегирад, дар Тоҷикистон қарор доранд.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.