Кумаки иттилооотиву ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон дар Маскав

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳамдастӣ бо Дафтари Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Маскав ба амалисозии барномаи муштарак оид ба расонидани кумаки иттилоотиву ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони кории тоҷик оғоз намуданд. Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи ин лоиҳа мушовири Маркази иттилоотӣ-захиравии Дафтари СБМ, […]

ASIA-Plus



Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳамдастӣ бо Дафтари Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Маскав ба амалисозии барномаи муштарак оид ба расонидани кумаки иттилоотиву ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони кории тоҷик оғоз намуданд.

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи ин лоиҳа мушовири Маркази иттилоотӣ-захиравии Дафтари СБМ, ҳамватани мо Турсуной Алимрадонова миёни шаҳрвандони тоҷик оид ба тағйирот дар қонунгузории муҳоҷирати Русия корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.

«Қобили зикр аст, ки дар барномаи минтақавии СБМ дар Маскав, ки моҳи январ оғоз гардид, иштирокчиёни асосӣ Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон мебошанд. Барнома то моҳи марти сли 2015 идома ёфта, ҳадафи он пешниҳоди кумаки иттилоотиву ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони хориҷии муқими Русия аст», – иброз дошт Муҳаммад Эгамзод.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки давоми соли 2013 дар бахши муҳоҷирати Русия ҳудуди 30 қонун ва тағйироту илова ба санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таҳия ва қабул шуданд. «Аксари асноди нави қонунгузорӣ аз моҳи январи соли 2014 мавриди амал қарор гирифта, дар чанде аз онҳо меъёрҳои қонунгузории Русия пурзӯртар шудааст ва дар ин робита, мо аз ин ташаббуси Дафтари СБМ истиқбол мекунем, зеро шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла ҳамватанони мо низ ба чунин кумаки саривақтӣ ва муҳим ниёз доранд», – афзуд Муҳаммад Эгамзод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.