Дар Бохтар роҳбари кооператив барои тақсими замин ба писаронаш ба маҳкама кашида шуд

Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Додситонии ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон барои ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаи замин ба писаронаш нисбат ба раиси кооперативи истеҳсолии «Маданият» парвандаи ҷиноӣ оғоз кард. Сарёвари додситони ноҳия Соҳибназар Қувватов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки гумонбаршуда Анвар Воҳидов қиъаҳои заминеро, ки барои сохтмони гаражҳо пешбинӣ шуда буданд, ба писаронаш додааст. […]

Сайраҳмон Назриев


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Додситонии ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон барои ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаи замин ба писаронаш нисбат ба раиси кооперативи истеҳсолии «Маданият» парвандаи ҷиноӣ оғоз кард.




Сарёвари додситони ноҳия Соҳибназар Қувватов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки гумонбаршуда Анвар Воҳидов қиъаҳои заминеро, ки барои сохтмони гаражҳо пешбинӣ шуда буданд, ба писаронаш додааст. Ҳамчунин ошкор шудааст, ки ӯ аз ҳисоби заминҳои обёришаванда ба чаҳор нафар шаҳрвандони ноҳия низ замин ҷудо кардааст. Нисбат ба аъмоли А.Воҳидов тибқи моддаи 295, қ.1

 

(сӯиистифода аз ваколатҳои хизматчии созмонҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои дигар) ва чаҳор шаҳрвандони ноҳия тибқи моддаи 334. қ.1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Худсарона ишғол намудан) парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд. С.Қувватов зикр кард, ки аз ин аъмоли ғайриқонунӣ ба давлат беш аз 84 ҳазор сомонӣ зарар расонида шудааст.



Зикр гардид, ки ҳангоми баргузории санҷиши прокурорӣ як қатор қонуншиканиҳои марбут ба ғайриқонунӣ ҷудо намудани замин аз ҷониби раиси ноҳияи Бохтар, раисони ҷамоатҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ошкор гардиданд. Аз ин рӯ, додситони ноҳия нисбат ба 5 қарори раиси ноҳия, 8 қарори раисони ҷамоатҳо ва 9 қарори раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ эътирознома баён кардааст.



Дар ҷараёни санҷиш инчунин далелҳои ғайримақсаднок истифода намудани заминҳо низ ошкор шуданд. Нисбати ҳамаи ин далелҳо додситонии ноҳия таъиноту нишондоҳо ирсол карда, чанде аз қонуншиканон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.