Дар Душанбе аз фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷиноии бо қочоқи тилловорӣ сарукордошта ҷилавгирӣ карда шуд

Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни баргузории амалиёти фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ҷинояти навбатии марбут ба қочоқи ҷавоҳирот ба миқдори зиёдро ошкор сохтанд. Аз агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳангоми тафтиши маълумоти фаврии расида, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ зимни харидуфурӯши ғайриқонунии маҳсулоти […]

Аваз Юлдошев.


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни баргузории амалиёти фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ҷинояти навбатии марбут ба қочоқи ҷавоҳирот ба миқдори зиёдро ошкор сохтанд.




Аз агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳангоми тафтиши маълумоти фаврии расида, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ зимни харидуфурӯши ғайриқонунии маҳсулоти тилловорӣ шаҳрванди Тоҷикистон Қурбонгул Ҳаитова, Туркия – Айдин Ҳакам ва Ӯзбекистон – Дилдора Утарова боздошт шуданд.



«Шаҳрвандони Тоҷикистону Туркия ҳангоми фурӯши 24 номгӯи ҷавоҳирот ба шаҳрванди Ӯзбекистон, ки маблағи он 7 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, боздошт шуданд», – иттилоъ дод манбаъ.



Ба гуфтаи корманди агентӣ, дар ҷараёни тафтиши минбаъда маълум гашт, ки шаҳрванди Туркия бо Қ.Ҳаитова ақди никоҳ баста, муддати чандин сол бо ҳам зиндагӣ мекардаанд ва тилловориро ӯ ба Тоҷикистон овардааст.



«Ҳангоми кофтукови манзили зисти боздоштшудагон кормандони агентӣ ҳамчунин ҳудуди 4,5 кило тилловорӣ ва 427 ҳазор доллари амрикоиро дарёфт ва мусодира карданд», – афзуд манбаъ.



Нисбат ба далели мазкур тибқи моддаҳои 259 (Соҳибкории ғайриқонунӣ), 286 (Додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ) ва 289-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қочоқ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.