Кабирӣ ҳоло ҳам ба баргардонидани бозори Турсунзода умедвор аст



Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта суди шаҳри Турсунзода даъвои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро дар робита ба бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзода қонеъ кард. Мутобиқи он тамоми қарорҳои марбут ба фурӯши собиқ варзишгоҳ, таъсиси бозор дар ин қаламрав ва амалҳои минбаъда ғайриқонунӣ эътироф карда шуданд.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, ки бозори мазкур ба номи ҳамсараш ба расмият дароварда шудааст, вобаста ба ҳалномаи содиршуда изҳорот интишор намуд, ки дар зер онро манзуратон мегардонем.

«Дирӯз суди шаҳри Турсунзода даъвои Агентии зидикоррупсионии назди Ҳукумати ҶТ-ро қонеъ гардонд. Ин маънои онро дорад, ки тамоми қарорҳо ва санадҳои қабулгашта дар бораи фурӯши собиқ варзишгоҳ , таъсиси бозор ва муомилаҳои баъдӣ бекор карда мешаванд. Ҳоло, мо ҳамчун соҳибмулкони имрӯзаи бозор аз болои ин қарори суди ш. Турсунзода ба зинаҳои болотари судӣ шикоят хоҳем бурд, то аз моликияти худ ва садҳо соҳибкорон ҳимоят намоем. Аз нигоҳи мо, қарори  қабулнамудаи суди ш. Турсунзода ҳанӯз ниҳояти кор нест, агарчӣ, таҷриба нишон додаст, ки тағйири қарор дар чунин ҳолатҳо кори хеле душвор аст.

Мутаассифона, суд далелҳои тарафи мо ва баёноти шоҳидонро умуман ба инобат нагирифт, дар сурате, ки вакилони дифоъи мо дар асоси Сарқонун, қонунҳои амалкунанда ва таҷрибаи ҳалли чунин парвандаҳо ботил будани даъво ва далелҳои пешниҳоднамудаи даъвогарро исбот намуданд.

Инчунин, санад ва далелҳои кофӣ барои сиёсӣ будани парванда ба суд пешниҳод карда шуд. Дар баробари пешниҳоди санадҳо ва далелҳои кофӣ барои радди даъво, барои пайдо кардани роҳи ҳал мо ба суд чанд пешниҳоди мушаххас намудем, ки дар сурати амалӣ шудани яке аз онҳо, масъала ба фоидаи ҳама тарафҳо ҳал мегардад. Бо назардошти он, ки дар пеш марҳалаҳои дигари баррасии парванда вуҷуд дорад, бори дигар онҳоро такрор мекунем:

– Ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтани бозори нави муосир ва кӯчонидани мағозаву дӯконҳои соҳибкорон ба ҷои нав ва пас аз он, сохтани варзишгоҳ дар ҷои аввалааш аз ҳисоби  соҳибмулкон ва соҳибкорони бозор;

 – сохтани варзишгоҳи нав дар ҷойи дигар аз ҳисоби соҳибмулкон ва соҳибкорони бозор;

 – пардохти иҷораи варзишгоҳҳо аз тарафи соҳибмулкони бозор барои машқи варзишгарони Кумитаи варзиши ш. Турсунзода, агар чунин ниёз вуҷуд дошта бошанд.

Ҳадаф аз ин пешниҳодҳо қабл  аз ҳама, ҳимояти моликияти худ ва дигар соҳибкорон мебошад ва барои ин кор на танҳо ҳақ, балки масъулият ҳам дорем. Ва бояд то лаҳзаи охир аз ҳама имконот ва василаҳои қонунӣ истифода барем.

Амалӣ гаштани яке аз ин се пешниҳоди мо дар баробари ҳифзи моликияти мо ва садҳо соҳибкорон чанд фоидаи дигар низ дорад. Аз ҳама асосиаш, нишон медиҳад, ки ҳадафи асосии  мақомот гирифтани моликияти мо ё танҳо иваз кардани соҳибмулк нест. Чун дар рафти мурофеъа ва суҳбат бо соҳибкорон намояндагони мақомот изҳор карданд, ки онҳо мақсади вайрон кардани бозор ва дар кӯча мондани садҳо соҳибкорро надоранд.

Ин изҳорот умедворкунанда аст, вале ҳоло тибқи ҳалнолмаи содиршуда, бояд бозор аз байн биравад. Ин санади ҳуқуқӣ дигар хел шарҳу тафсир надорад, ҳарчанд намояндагони мақомоти шаҳри Турсунзода ба хотири безобита накардани соҳибкорон ҳангоми мулоқотҳо ваъда дода истодаанд, ки бозор дар ҷояш боқӣ мемонад. Барои он, ки ин ваъда ҷанбаи ҳуқуқӣ пайдо намояд, мо ин пешниҳодҳоро кардем ва ҳоло ҳам фурсат барои ҳифзи моликияти шаҳрвандон ва ҷойи кор барои садҳо нафар вуҷуд дорад. Чунин мавқеъгириҳо ва суҳбатҳои намояндагони мақомоти давлатӣ боиси пайдо шудани  шубҳаҳо дар бораи танҳо иваз кардани соҳибмулк гаштааст. Агар чунин хоҳиш бошад ҳам, аз лиҳози қонунӣ имкон надорад, чун даъво сари он аст, ки бояд варзишгоҳ барқарор ва ба соҳиби аслиаш, Кумитаи варзиш баргардонида шавад. Дар сурати  иваз кардани соҳибмулқ бо соҳибмулки дигар, чи давлатӣ бошад, чӣ хусусӣ, ҳатман мухолафат ба асли даъво ва ҳалномаи суд ба вуҷуд меояд, ки мақомоти давлатӣ ба чунин кор нахоҳанд рафт. Ин амалан  маънии аз моликият маҳрум кардани соҳибмулкони имрӯзиро дорад, ки дигар ниёзе ба асоснокии ҳуқуқӣ ва судӣ нест. Баръакс, ошкор ва бесаҳнасозӣ гирифтани моликият ба  маротиб обрӯмандтар аст, аз он, ки онро дар пӯшиши баргардонидани моликияти давлатӣ ё ҳимояи манфиати ҷамъиятӣ анҷом бидиҳанд.

Масъалаи дигар ин аст, ки на даъвогар, на шоҳидон ва на суд соҳибмулконро дар ҳеҷ ҳолате айбдор намедонанд. Яъне, рафтори мо комилан тибқи қонунҳо сурат гирифтааст. Тарафи содиркунандаи камбуди тибқи даъво, мақомоти давлатӣ мебошанд. Имрӯз даъвогар боз ҳам мақомоти давлатӣ аст ва моликияти шахрвандро боз ҳам ба нафъи мақомоти давлатӣ, яъне, содиркунандаи камбудӣ, меситонад. Суол ба миён меояд, ки агар содиркунандаи камбудӣ худи мақомоти давлатӣ бошад, пас ҷуброни хасороти шаҳрвандро, ки дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ба миён омадааст, кӣ бояд пардохт кунад?

 Моддаи 32-и Консититутсияи ҶТ мегӯяд: «Товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо руёнида мешавад.» Модоме, ки Агентӣ аз болои амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ даъво овард ва онро суд пазируфт, масъалаи пардохти зарари моддии шаҳрванд масъулияти кӣ бояд бошад ва ин меъёри Конститутсия кай бояд иҷро шавад? Афсӯс, ки дар ҳалномаи суд чизе гуфта нашудаст, ҳол он, ки дар даъвои худ Агентии зиддикоррупсионӣ ин ҳолатро эътироф карда буд ва пешниҳод дошт, ки ба соҳибмулки имрӯза маблағи 836 000 сомонӣ пардохт шавад.

 Экспертизаи таъинкардаи худи суди ш. Турсунзода дар бораи мушаххас кардани хароҷоти молии соҳибмулкон фақат як қисми хароҷотҳои сохтмонии соҳибмулконро 2 700 000 сомонӣ мушаххас кард ва дар мурофеъа изҳор кард, ки ин танҳо арзиши маҳсулоти сохтмони сарфшуда ба як қисми бозор аст.

 Чун амалан мушаххас кардани ҳамаи бозорро фурсат надошт ва санад ҳам пешниҳод кард. Вале, баъдан намояндаи агентӣ аз ин пешниҳоди худ дар бораи пардохти ҷуброни соҳибмулкон даст кашид, ба хотири он, ки соҳибмулк алайҳи онҳо аризаи даъвогии зидди даъво пешниҳод кард. Дар натиҷа, суд на натиҷаи экспертизаи таъйинкардаи худ, ҳатто, моддаи 32 Конститутсияро нодида гирифта, дар бораи пардохти зарари шаҳрвандон дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ишорае накардааст.

 Табиист, ки дар сурати дуруст шуморидани ҳалномаи суди ш. Турсунзода аз тарафи мақомоти болоии судӣ ва эътироф шудани амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ҳангоми фурӯхтани варзишгоҳ, масъалаи пардохти ҷуброни моддӣ ва маънавии шахрвандон ба миён меояд, ки бояд аз тарафи мақомот пардохта шавад.

 Чуноне ки маълум аст, ин қазия чанд моҳ пештар оғоз шуда буд, вале то даъвати мо ба суд ҳамчун шарики моликияти хонаводагӣ ин масъала аз ҷомеъа пинҳон буд. Чун мо тарафдори кашонидани ин баҳс ба ҷомеъа набудем ва мутмаиннам, ки мақомот ҳам хоҳони он набудаанд. Имрӯз ҳам талоши мо барои ҳифзи моликияти хеш ва ҳамзамон моликияти соҳибкорони бозор ва ором кардани онҳо равона шудааст. Бешак, мақомоти давлатӣ ҳам бештар аз мо манфиатдори ҳифзи моликияти шаҳрвандон ва ризояти онҳо мебошанд.

 Пешниҳодҳои боло метавонанд барои расидан ба ҳалли муносиби масъала  кумак намоянд».

spot_imgspot_img

Популярное