Шанбегии муштараки аҳолии деҳоти наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон

Чанде қабл сокинони деҳоти наздимарзии Хоҷа Аъло ва Чоркӯҳи шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва ҳамчунин Самрқандак ва Актатири ноҳияи Ботканди Қирғизистон як шанбегии муштарак гузаронида, канали панҷкилометраи обёриро тоза карданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, канали мазкур аз деҳаи Хоҷа Аъло сарчашма гирифта, то деҳаи Самарқандаки Қирғизистон ҷорӣ мешавад. Ба […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл сокинони деҳоти наздимарзии Хоҷа Аъло ва Чоркӯҳи шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва ҳамчунин Самрқандак ва Актатири ноҳияи Ботканди Қирғизистон як шанбегии муштарак гузаронида, канали панҷкилометраи обёриро тоза карданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, канали мазкур аз деҳаи Хоҷа Аъло сарчашма гирифта, то деҳаи Самарқандаки Қирғизистон ҷорӣ мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар шанбегӣ беш аз се ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳудуди 100 тан аз шаҳрвандони кишвари ҳамсоя иштирок кардаанд. «Шанбегӣ дар фазои ҳусни тафоҳуму дӯстӣ ва анъанаҳои неки ҳамҷаворӣ баргузор шуд», – афзуд манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.