Коммунистони тоҷик солгарди зодрӯзи Ленинро ҷашн гирифтанд

Дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон имрӯз коммунистони тоҷик солгарди навбатии зодрӯзи доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Илич Ленинро ҷашн гирифтанд. Муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки имрӯз коммунистон ба пояи муҷассамаҳои В.Ленин, ки дар кишвар имрӯз 66 адад боқӣ мондаанд, гулчанбарҳо гузоштанд. «Субҳи имрӯз […]

Аваз Юлдошев



Дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон имрӯз коммунистони тоҷик солгарди навбатии зодрӯзи доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Илич Ленинро ҷашн гирифтанд.

Муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки имрӯз коммунистон ба пояи муҷассамаҳои В.Ленин, ки дар кишвар имрӯз 66 адад боқӣ мондаанд, гулчанбарҳо гузоштанд.

«Субҳи имрӯз раҳбарияти Ҳизби коммунист ба пояи муҷассамаи Ленин дар шаҳри Ваҳдат гулчанбар гузошта, дар худи ҳамон ҷо як гурӯҳи ҷавонон аз навоҳии тобеи марказро ба узвияти ҳизб пазируфтанд», – қайд кард Талбаков.

Дар ҳамин ҳол, Талбаков ҳамчунин зикр кард, ки ахири ҳафтаи гузашта зимни сафари корӣ дар ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург ӯ шахсан аз Смолний боздид намуда, аз номи коммунистони кишвар ба нахустин муҷассамаи Ленин дар таърих гулчанбар гузоштааст. «Имрӯз дар дафтари кории ҲКТ дар Душанбе бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти В.И. Ленин конфронси илмӣ доир мегардад», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.