БМТ иҷозатномаи боз як ташкилоти қарзиро бозхонд



Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолияти боз як ташкилоти хурди қарздиҳиро бозхонд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, бо қарори навбатии Раёсати бонк аз 23 апрели соли равон, бинобар сабаби ба муҳлати зиёда аз як сол фаъолият накардан ва пешниҳод нанамудани ҳисоботи молиявӣ иҷозатномаҳои Ҷамъияти қарздиҳии дорои масъулияташ маҳдуди «Финансирование торговли» бозхонда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар бораи барҳамдиҳии ҷамъияти мазкур ба суд ариза пешниҳод карда шудааст.

Гуфта мешавад, тибқи қарори мазкур иҷозатномаҳои ҷамъияти номбурда бозпас гирифта шуда, номи он аз Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ хориҷ карда мешавад.

Тибқи маълумоти феҳристи давлатии ташкилотҳои қарздиҳӣ, раиси ҶДММ «Финансирование торговли» Улуғбек Алимардонов ва иҷрокунандаи вазифаи сармуҳосиби корхона Ҳабибулло Юсуфов номнавис шудаанд.

Суроғаи ҳуқуқии ташкилот – шаҳри Ҳисор, кӯчаи Б.Ҳилолӣ, 29 зикр гардидааст. Тибқи маълумоти феҳристи шахсони ҳуқуқии Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ, ҶДММ «Финансирование торговли» санаи 30-юми декабри соли 2011 таъсис дода шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное