БМТ иҷозатномаи боз як ташкилоти қарзиро бозхонд

Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолияти боз як ташкилоти хурди қарздиҳиро бозхонд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, бо қарори навбатии Раёсати бонк аз 23 апрели соли равон, бинобар сабаби ба муҳлати зиёда аз як сол фаъолият накардан ва пешниҳод нанамудани ҳисоботи молиявӣ иҷозатномаҳои Ҷамъияти қарздиҳии дорои масъулияташ маҳдуди «Финансирование торговли» бозхонда шудааст. Ба иттилои манбаъ, […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолияти боз як ташкилоти хурди қарздиҳиро бозхонд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, бо қарори навбатии Раёсати бонк аз 23 апрели соли равон, бинобар сабаби ба муҳлати зиёда аз як сол фаъолият накардан ва пешниҳод нанамудани ҳисоботи молиявӣ иҷозатномаҳои Ҷамъияти қарздиҳии дорои масъулияташ маҳдуди «Финансирование торговли» бозхонда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар бораи барҳамдиҳии ҷамъияти мазкур ба суд ариза пешниҳод карда шудааст.

Гуфта мешавад, тибқи қарори мазкур иҷозатномаҳои ҷамъияти номбурда бозпас гирифта шуда, номи он аз Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ хориҷ карда мешавад.

Тибқи маълумоти феҳристи давлатии ташкилотҳои қарздиҳӣ, раиси ҶДММ «Финансирование торговли» Улуғбек Алимардонов ва иҷрокунандаи вазифаи сармуҳосиби корхона Ҳабибулло Юсуфов номнавис шудаанд.

Суроғаи ҳуқуқии ташкилот – шаҳри Ҳисор, кӯчаи Б.Ҳилолӣ, 29 зикр гардидааст. Тибқи маълумоти феҳристи шахсони ҳуқуқии Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ, ҶДММ «Финансирование торговли» санаи 30-юми декабри соли 2011 таъсис дода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.