Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Сафари хизматии вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба минтақаҳо ҷиҳати ба интихобкунандагон шарҳу тавзеҳ додани бандҳои асосии паёми президент ба парлумон оғоз мегардад; – Дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи корхонаи муштараки «Тоҷиказот» шурӯъ мегардад; – Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб вохӯрии даври сеюми мусобиқоти Лигаи олии футболи […]

ASIA-Plus



Анонс



– Сафари хизматии вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба минтақаҳо ҷиҳати ба интихобкунандагон шарҳу тавзеҳ додани бандҳои асосии паёми президент ба парлумон оғоз мегардад;

– Дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи корхонаи муштараки «Тоҷиказот» шурӯъ мегардад;

– Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб вохӯрии даври сеюми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон байни дастахои «Равшан» (Кӯлоб) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) доир мегардад. Оғози бозӣ соати 16-00.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9214

сомонӣ;


1

евро –

6.8525

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1361

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1919

– Оинномаи Лигаи Миллатҳо қабул гардид.


1929

– Дар Анҷумани II-юми Шӯроҳои Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи кишвар Конститутсия қабул карда шуд.


1959

– Дар Душанбе корхонаи «Тоҷиккабел» ба истифода дода шуд.


2001

– Филми коргардони тоҷик Бахтиёр Худоназаров «Лунный папа» (Падари моҳтобӣ) дар номинатсияи «Коргардони беҳтарин» ба ҷоизаи киноакадемияи Русия «Ника» сазовор гардид.


2004

– Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба мубориза зидди маблағгузории байнулмилалии терроризм ҳамроҳ шуд.


2010

— Дар Пекин Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Чин ва Тоҷикистон ва ҳамчунин Протокол дар бораи аломатгузорӣ дар марзи давлатии ҳарду кишвар ба имзо расид.


1928

– Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Кибриё Ҳасанова.


1945

– Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актёри театр Қиёмиддин Чақалов.


1954

– Зодрӯзи адиби ҳаҷву зарофатнавис Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ.


1959

– Мавлуди доктори улуми филология Маҳмадюсуф Имомов.



Вазъи обу


ҳ


аво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +15+20.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот, раъду барқ.       

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +13+18.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (дар баландии зиёда аз 2800 метр барф).     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +3+8, рӯзона +12+17;  дар шарқи вилоят шабона -5-10, рӯзона +2+7.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +25+27.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +25+27.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +26+28.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +14+16.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.