Кишти пахта дар вилояти Хатлон дар арафаи анҷомёбист

Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дурнамои  кишти пахта майдони 199 ҳазору 451 гектарро ташкил медиҳад.  То санаи 04-уми майи соли равон дар ҷумҳурӣ дар майдони зиёда 173,8 ҳазор  гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки баробари 87,1 фоизи дурнамо мебошад. Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати кишоварзии ҶТ, кишоварзони вилояти Хатлон имсол  тибқи дурнамо дар майдони 132,2 […]

ASIA-Plus



Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дурнамои  кишти пахта майдони 199 ҳазору 451 гектарро ташкил медиҳад.  То санаи 04-уми майи соли равон дар ҷумҳурӣ дар майдони зиёда 173,8 ҳазор  гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки баробари 87,1 фоизи дурнамо мебошад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати кишоварзии ҶТ, кишоварзони вилояти Хатлон имсол  тибқи дурнамо дар майдони 132,2 ҳазор гектар пахта кишт менамоянд. То санаи 04.05.14 дар майдони 119,6 ҳазор  гектар кишти пунбадона гузарониданд, ки баробари 90,5  фоизи дурнамо мебошад. Дар вилоят аввалин шуда кишоварзони ноҳияҳои Шаҳритус ва Сарбанд иҷрои кишти пахтаро пурра таъмин намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар хоҷагиҳои пахтакори вилояти Суғд низ кишти пахта идома дорад. Кишоварзони вилоят имсол тибқи дурнамо дар майдони 60 ҳазор гектар  пахта кишт менамоянд. Айни замон дар вилоят майдони 49,1 ҳазор  гектар кишти пунбадона гузарониданд, ки баробари 81,9 фоизи дурнамо мебошад.

Гуфта мешавад, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад имсол  тибқи дурнамо майдони 7251 гектарро кишти пунбадона ташкил медиҳад. То имрӯз дар майдони 4954 гектар кишти  пунбадона гузаронида шудааст, ки баробари 68,3 фоизи дурнамо мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.