Ҷаримабандии сокини пойтахт барои нигаҳдории чорвои хонагӣ

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сокини кӯчаи Телман Аҳмад Гиёевро барои нигаҳдоии ду гов ва хар дар ҳавлиаш ба маблағи 400 сомонӣ ҷаримабандӣ кард. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Шӯрои адлияи Тоҷикистон хабар доданд, А.Гиёев барои риоя накардани талаботи қонун «Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон», ки парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, […]

Аваз Юлдошев



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сокини кӯчаи Телман Аҳмад Гиёевро барои нигаҳдоии ду гов ва хар дар ҳавлиаш ба маблағи 400 сомонӣ ҷаримабандӣ кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Шӯрои адлияи Тоҷикистон хабар доданд, А.Гиёев барои риоя накардани талаботи қонун «Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон», ки парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолиро манъ кардааст, ҷаримабандӣ шуд.

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамеша аз муовинонаш ва хадамоти дахлдори шаҳрӣ назорати ҷиддӣ аз болои иҷрои ин қонунро талаб мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.