Раҳмон ва Бердимуҳаммедов бо рафти сохтмони «Тахти Наврӯз» шинос шуданд

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе ташриф овардааст, бо рафти сохтмону таҷҳиз ва ороиши Маркази фарҳангию фароғатии Тахти Наврӯз шинос шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Маркази фарҳангию фароғатии Тахти Наврӯз дар рӯ ба рӯйи варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва шафати кули ҷавонон […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе ташриф овардааст, бо рафти сохтмону таҷҳиз ва ороиши Маркази фарҳангию фароғатии Тахти Наврӯз шинос шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Маркази фарҳангию фароғатии Тахти Наврӯз дар рӯ ба рӯйи варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва шафати кули ҷавонон қомат рост намуда, ба ин мавзеи сайру тамошои пойтахт ҳусни тоза зам намудааст.

Чунонки аён гардид, бинои сеошёнаи Тахти Наврӯз мутобиқ бо анъанаҳои бисёрҳазорсолаи меъморӣ ва ороиши миллии тоҷикӣ ва ҳам бо истифода аз технологияҳои муосири сохтмонӣ бунёд меёбад.

Тибқи нақша, ин маркази беҳамтои фарҳангӣ то моҳи сентябри соли равон бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Сипас Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба қароргоҳи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд. Шиносоӣ бо табиати зебою дилфиреби дараи Варзоб, ки минтақаи истироҳату сайёҳӣ эълон гардидааст, боиси болидахотирии меҳмони олимақом ва ҳайати ҳамроҳи ӯ гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.