Президент судяҳои ояндаро ба таъмини волоияти қонун ҳидоят намуд

Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, раис ва муовини раиси суд ва судя пешниҳодгаштаро барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт. Сарвари давлат дар сӯҳбат бо нафарони ба вазифаҳои пурмасъулияти мақомоти судӣ пешниҳодгашта аз камбудиҳои ҷиддии ин соҳа, пеш аз ҳама, аз ришваситонӣ […]

root




Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, раис ва муовини раиси суд ва судя пешниҳодгаштаро барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.








Сарвари давлат дар сӯҳбат бо нафарони ба вазифаҳои пурмасъулияти мақомоти судӣ пешниҳодгашта аз камбудиҳои ҷиддии ин соҳа, пеш аз ҳама, аз ришваситонӣ изҳори нигаронӣ карда, онҳоро ба риояи бечуну чарои ваколату салоҳияти вазифавӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, худдорӣ аз сӯйиистифода аз мансаб ва ба таъмини волоияти қонун ҳидоят намуд ва таъкид дошт: «Ҳаргиз фаромӯш накунед, ки шумо бо тақдири одамон сару кор доред ва ҳукмҳои судӣ бояд одилона бошанд».

 








Дар назди кадрҳои ба вазифаҳои сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳо ва роҳбарии муассисаҳои олии таълимии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот пешниҳодгашта низ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.







Нафарони ба вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ пешниҳодгашта ба президент қавл доданд, ки содиқонаю софдилона ба Ватан ва давлату миллати худ хидмат мекунанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.