Низомиёни тоҷику рус аз фурудгоҳи Айнӣ дар ҳамбастагӣ истифода хоҳанд кард, – вазирони мудофиаи Русияву Тоҷикистон

Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки фурудгоҳи низомии Айнӣ, ки дар 20 километрии ғарби Душанбе воқеъ аст, аз ҷониби нерӯҳои ҳарбии ҳар ду кишвар истифода хоҳад шуд. Вазири мудофиаи Тоҷикистон низ дар мулоқот ширкат варзид ва чунин изҳори ақида […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки фурудгоҳи низомии Айнӣ, ки дар 20 километрии ғарби Душанбе воқеъ аст, аз ҷониби нерӯҳои ҳарбии ҳар ду кишвар истифода хоҳад шуд.




Вазири мудофиаи Тоҷикистон низ дар мулоқот ширкат варзид ва чунин изҳори ақида намуд, ки ин ҷо гап сари масъалаи иҷораи фурудгоҳ аз ҷониби Русия нест, балки ҳар ду кишвар дар ҳамбастагӣ аз он истифода хоҳанд кард.



«Мо ба президент иттилоъ додем, ки нақшаи муштараки ҳамкориҳои низомӣ миёни кишварҳо муваффақона амалӣ мегардад ва барои соли оянда лоиҳиа нақша барои имзо омода аст, – гуфт А.Сердюков.



Ӯ зикр кард, ки дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон таваҷҷӯҳи махсус ба омӯзиши кадрҳои низомии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии таълимоти ҳарбии Русия зоҳир гашт.



Тибқи маълумоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, айни замон дар макотиби олии низомии Русия ҳудуди 500 нафар хизматчиёни ҳарбӣ аз Тоҷикистон таҳсили илм мекунанд.



Дар посух ба суоли дар як замон иттифоқ афтодани боздиди ӯ бо сафари роҳбари Фармондеҳии марказии Амрико Мартин Демпс вазири мудофиаи Русия изҳор дошт, ки ин танҳо тасодуф аст.



Зимни боздид А.Сердюков ҳамчунин аз пойгоҳи мушоҳидаи кайҳонии «Норак» ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ боздид хоҳад кард.




 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.